расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ҶАВОНМАРДИИ ИН МАРДОНРО МАН ЧӢ ГӮЯМ? ИЗҲОРИ СИПОСИ СЕ ҶАВОНМАРД АЗ БАРНАУЛ БА МАРДУМИ ТОҶИК

. / Муҳоҷир

ҶАВОНМАРДИИ ИН МАРДОНРО МАН ЧӢ ГӮЯМ? ИЗҲОРИ СИПОСИ СЕ ҶАВОНМАРД АЗ БАРНАУЛ БА МАРДУМИ ТОҶИК

Евгений Фомичев, афсари собиқи ВДВ аз Барнаул хабар дод, ки ҳамагӣ дар байни чанд соат ба корти бонкии ӯ 56 200 рубл кумак фиристодаанд. Ӯ ба ҳамаи тоҷикҳо барои дасти хайрашон изҳори сипос кард ва бори дигар ҷавонмардии худро ба намоиш гузошта гуфт, дигар барояш пул нагузаронанд, чунки пулҳои расида барои харидани чиптаи бозгашт то Барнаул барои ӯву дӯстонаш кофист.
Евгений Фомичев ва дӯстонаш Дмитрий Шмаков ва Константин Долматов, ки дар Маскав қарор доштанд, шоми 9 октябр дар кӯчаи Верейская як зани тоҷики ҳиҷобпӯшро аз ҳамлаи як марди мусаллаҳ бо корд наҷот доданд. Саргардонӣ бо ин қазия боис шуд, ки онҳо аз ҳавопаймои худ дер карданд ва пуле надоштанд, ки аз нав чипта бихаранд.
Иззат Амон, раҳбари Маркази тоҷикони Маскав аз муҳоҷирони тоҷик хост, то ба ин некии ин се ҷавонмарди рус бо некӣ ҷавоб дода, барои харидани чипта ба онҳо кумак кунанд. Тоҷикони дастбахайр ба ин даъват лабайк гуфта, дар як муддати кӯтоҳ ба корти онҳо 56 200 рубл гузаронданд. Сомонаи "Ахбор” низ дар ин амри хайр саҳм гирифт ва ба ин се ҷавонмард аз Барнаул 10 ҳазор рубл хайр кард. Худованд қабул кунад хайри ҳамаи моро!

Izzat Amon

Ассаламалейкум братья и сестры.
Мне только, что передали на карту Егения Фомичева поступило 56 200 рублей. Этих денег хватает на приобретение билетов до Барнаула.
Евгений Фомичев бывший офицер ВДВ РФ выразил всем братьям и сестрам огромную благодарность за оказанную помощь.
Сбор объявляем закрытым.
Всем огромное спасибо.
Джазакаллах.

СЕ ҶАВОНМАРД АЗ БАРНАУЛ ЗАНИ ТОҶИКИ ҲИҶОБПӮШРО ДАР МАСКАВ АЗ ҲАМЛАИ ЯК МАРДИ МУСАЛЛАҲ НАҶОТ ДОДАНД

Шоми ҷумъа, 9 октябр, як зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар сар ҳиҷоб дошт, ҳангоме ки аз ҷои кораш дар Маскав ба сӯи истгоҳ дар кӯчаи Верейская мерафт, ҳадафи ҳамлаи як марди мусаллаҳ бо корд қарор гирифтааст. Ин марди ношинос дар як макони беодам ба зани тоҷик ҳамла карда, мехост ӯро корд бизанад, вале хушбахтона, муваффақ нашудааст. Зан бо тамоми овоз фарёд бардошта, кумак хостааст ва се ҷавонмард аз Барнаул ба кумаки ӯ расида, ҳамлагарро ба замин хобонда, дастонашро бастаанд ва ба пулис супурдаанд. Пулис ҳамлагарро боздошт карда, ба зиддаш парвандаи ҷиноӣ кушодааст.
Ин се ҷавонмард аз Барнаул, ки зани тоҷикро аз ҳамла наҷот доданд, инҳоянд:
1. Шмаков Дмитрий Андреевич
2. Долматов Константин Юрьевич
3. Фомичев Евгений Александрович
Иззат Амон, роҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав хабар дод, ки ин се ҷавонмарди ғайюр шоми ҷумъа роҳии фурудгоҳ буданд, то ба Барнаул баргарданд, вале ба ин ҳодиса гирифтор шуда, аз ҳавопаймои худ дер кардаанд ва чиптаҳояшон сӯхтааст. Онҳо ҳоло дар Маскав дар меҳмонхона буда, барои харидани чиптаҳои нав барои бозгашт ба Барнаул пул надоштаанд.
Иззат Амон аз муҳоҷирони тоҷик ва ҳамаи мусалмонон хоҳиш кард, ки ба некии ин се марди рус, ки зани тоҷики муҳаҷаббаро аз ҳамла наҷот доданд, бо некӣ ҷавоб гардонанд ва барои харидани чипта ба онҳо кумак расонанд.
Идораи сомонаи «Ахбор» низ дар ин амри хайр ҳамроҳ шуд ва ба ҳисоби ин се ҷавонмарди ғайюр аз Барнаул 10 ҳазор рубл интиқол дод.
Ассаламалейкум братья и сестры.
Информация по нашей сестре, которая стала жертвой фашиста.
Краткая история:
Два дня назад, приблизительно в 17.30, наша сестра вышла с работы и хотела дойти до остановки Верейской улицы Москвы.
В безлюдном месте фашист догнал ее, и с ножом напал на неё. По счастливой случайности он не смог поранить нашу сестру.
Она со всей силой начала кричать и звать на помощь. К счастью, поблизости находились ребята приехавшие на работу в Москву из Барнаула. Они то и помогли нашей сестре связать злоумышленника до прихода полиции.
Если бы не эти ребята, то наверное последствия нападения были бы плачевными.
Сейчас фашист находится в отделение полиции. В отношении него возбуждено уголовное дело.
Дело в том, что у ребят из Барнаула были билеты в руках и они в это время спешили в аэропорт. Из за этого случая они опоздали на рейс. Соответственно, билеты были аннулированы.
Сейчас ребята находятся в гостинице и у них нет финансовой возможности второй раз приобрести билеты.
Добро всегда возвращается.
Давайте поможем нашим барнаульским братьям приобрести билеты. Ведь они на рейс опоздали из - за нашей сестры.
Джазакаллах.
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.