13 ПАРВОЗ АЗ ДУШАНБЕЮ ХУҶАНД БА РУСИЯ ТО 13 СЕНТЯБР: РУСИЯ БА БАРХЕ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН НИЗ ИҶОЗАТИ ПАРВОЗ ДОД
Аз 31 август то 13 сентябр аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия 13 парвози чартерӣ анҷом дода мешавад. Тариқи ин парвозҳо натанҳо шаҳрвандони Русия балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки барои ворид шудан ба ин кишвар асос (ВНЖ ё хешовандони наздик, ки дар Русия ба сар мебаранд) доранд, метавонанд сафар кунанд. Нархи чипта 400 евро буда, барои кӯдакони то 12-сола нархи парвоз 50% ва барои кӯдакони то 2-сола 90% арзонтар муқаррар шудааст.
Ду парвоз аз Хуҷанд ба Санкт-Петербург (7 сентябр) ва Маскав (10 сентябр) анҷом шуда, 11 парвози дигар аз Душанбе ба Маскав, Петербург, Самара, Краснодар ва Екатеринбург сурат мегиранд.
Тариқи ин парвозҳо натанҳо шаҳрвандони Русия балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки барои ворид шудан ба ин кишвар асос (ВНЖ ё хешовандони наздик, ки дар Русия ба сар мебаранд) доранд, метавонанд сафар кунанд