расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР ЯК РӮЗ БАРОИ ҚОРӢ ШЕРАЛӢ 1 МИЛЛИОНУ 850 ҲАЗОР РУБЛ КУМАК ҶАМЪ ОВАРДААНД! (ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР ЯК РӮЗ БАРОИ ҚОРӢ ШЕРАЛӢ 1 МИЛЛИОНУ 850 ҲАЗОР РУБЛ КУМАК ҶАМЪ ОВАРДААНД! (ВИДЕО)

Абдулваҳоби Абдуллоҳ хабар дод, ки дар як рӯз ба онҳо муяссар шуд, ки барои кумак ба қории «Қуръон» Шералӣ Ҳакимов, ки ҳафтаи гузашта бо захмҳои зиёди корд дар бемористон бистарӣ карда шуд, 1 миллиону 850 ҳазор рубл кумак ҷамъ кунанд.
Дар видеои нашршуда аз ҳуҷраи бемористон дида мешавад, ки ба Қорӣ Шералӣ бастаи пулҳои ҷамъшударо месупоранд ва ӯ даст ба дуо кушода, дар ҳаққи ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзи сахт аз вай пуштибонӣ карданд, дуои хайр мекунад.
Ҳафтаи гузашта 4 рэкетири зодаи Чеченистон Шералӣ Ҳакимовро дар шаҳраки Дудкино дар минтақаи "Мосрентген” дар канори шаҳри Маскав бераҳмона чанд зарбаи корд заданд.
Яке аз шоҳидони ҳодиса гуфт, як гуруҳи муҳоҷирон як хонаи нимсохтро дар "Мосрентген” барои зиндагӣ дуруст карда, дар он зиндагӣ мекунанд. Зодагони Чеченистон аз онҳо барои зиндагиашон дар ин бино ҳар моҳ 100 ҳазор рубл ҳақ меситондаанд. Ҳафтаи гузашта рэкетирҳо барои гирифтани "доля” омадаанд, вале муҳоҷирони тоҷикро, ки мебоист ба онҳо "доля” месупурданд, пайдо накарда, ба сари ҳамсарони он ду нафар борони дашному ҳақоратро рехтаанд. Шералӣ Ҳакимов, ки аслан ба ин моҷарои пул дахл надошт, садои доду фарёдро шунида, аз ҳуҷрааш берун баромадааст ва ба он рэкетирҳо фаҳмонданӣ шудааст, ки даст бардоштану дашном додани занон ба мусалмон намезебад. Ин насиҳати қорӣ онҳоро чунон ба хашм овардааст, ки Шералӣ Ҳакимовро зери мушту лагат гирифта, ба баданаш чанд корд задаанд.
Адам Делимханов, муовини сарвазири Чеченистон гуфтааст, бо супориши роҳбари он ҷумҳурӣ Рамазон Қодиров ҷараёни тафтиши ин қазияро таҳти назорати худ мегирад. Адам Делимханов ваъда додааст, афроди гунаҳкоре, ки қории "Қуръон” аз Тоҷикистон Шералӣ Ҳакимовро латтукӯб карда ва корд задаанд, ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.
Абдулваҳоби Абдуллоҳ
Ассалому Алейкум, дорогие добродетели! У нас для вас очень хорошая новость! Всего за один день для нашего земляка Хакимова Шерали Шариповича собралась огромная сумма - 1 миллион 850 тыс рублей! Искренне благодарим тех, кто от всей души сделал такое благо! Желаем Шерали Шариповичу скорейшего выздоровления и большого терпения! Очень надеемся, что виновные будут наказаны и по всей строгости ответят за свои злодеяния! ШералиМыСТобой
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.