расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МОДАРИ ГИРЁНУ ФАРЗАНДОНИ ОЧАБЕЗОР

. / Ҷомеа

МОДАРИ ГИРЁНУ ФАРЗАНДОНИ ОЧАБЕЗОР


Ман модарам. Модари чаҳор фарзанд. Се писар ва як духтар дорам. Қарзи модариямро ба ҷо оварда, фарзандонамро бо обрӯ хонадор кардам. Барои ҳар чаорашон бо сад ранҷу азоб хонаву дар сохта додам, то ки дар пирӣ асои дастам гарданд.
Гумон доштам, ки мисли дигар модарон дар сояи давлати ҷигарбандонам давлати пирӣ меронам, вале афсӯс…
Фарзандонам маро тамоман ҳурмату эҳтиром намекунанд. Бовар кунед, саг қадр дораду ман не, писару келинҳоям аз дарам намедароянд, набераҳоям ҳам кайҳо бибӣ доштанашонро фаромӯш кардаанд. Беморам, шабҳоро бо оҳу нола саҳар мекунам, вале касе аз ҳолам намепурсад. Бачаҳоям ҳама ғуломи зан гаштаанд. Писарҳо-ку дар доми занҳояшон, аламовараш он аст, ки духтарам ҳам маро ба ёд намеорад. Камбағал ва чашмаш ба як тин зор мебуд, мегуфтам, ки шароит надорад, вале пулдор аст духтарам, ба қавли мардум давлату савлаташро ба об партоӣ, дороияш пеши дарёро мегирад.
Боигарӣ духтарам он қадар маст кардааст, ки дигар назараш модари пирашро намегирад. Духтар шуда як бор аз дарам намедарояд. Ақаллан як бор намепурсад, ки оча, чи ҳол дорӣ, зиндаӣ ё мурда. Намедонам мани бетақдир назди худо чӣ гуноҳ кардам, ки чунин фарзандони бераҳму сангдилро насибам гардонидааст.
Мо, модарон ҳам ғаниматем. Офтоби сари кӯҳро мемонем, ки ба зудӣ ғуруб мекунад.
Эҳтимол бачаҳоям баъди мурдани ман маъракаҳои бодабдабаи мотамӣ ороста, гиряву нола кунанд, вале дигар аз нолаву фиғонашон суде нахоҳад буд.
Мехоҳам ҳоло, ки зинда ҳастам, фарзандонам ба қадрам бирасанд. Мехоҳам маро ҳурмату эҳтиром кунанд.
Мехоҳам ба аёдатам биёянд. Мехоҳам мисли дигар модарон бо писару духтар ва набераву абераҳоям сари як дастурхон нишаста, шодиву хурсандӣ кунем, вале афсӯс...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.