расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » НАШРИ НАХУСТИН АКСҲОИ ОТАМБОЕВ БАЪДИ ОЗОД ШУДАНАШ АЗ ҲАБС (3 АКС)

Ҷомеа / Ҷаҳон

НАШРИ НАХУСТИН АКСҲОИ ОТАМБОЕВ БАЪДИ ОЗОД ШУДАНАШ АЗ ҲАБС (3 АКС)

Кундуз Ҷолдубоева, сухангӯи президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, дар Фейсбук нахустин аксҳои Отамбоев баъди озод шуданаш аз боздоштгоҳи КДАМ-ро нашр кард. «Алмосбек Отамбаев ба ҳамаи шумо саломи гарм мерасонад», — навиштааст Ҷолдубоева. Дар куҷо будани Отамбоев феълан маълум нест.
Тахминан соати 04:30- и субҳи 6 октбяр эътирозгарон дар пайи тасарруфи Кохи сафед – қароргоҳи парлумон ва дастгоҳи президенти Қирғизистон ва биноҳои шаҳрдории Бишкек ва ТВ давлатии КТК Отамбоевро аз боздоштгоҳи КДАМ озод карданд. Нирӯҳои амниятӣ ба эътирозгарон муқовимат нишон надоданд.

Бо талаби тазоҳургарон сарвазири собиқи Қирғизистон Сапар Исаковро ҳам аз зиндони воқеъ дар деҳаи Молдованка озод карданд.
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гуфт, фармон додааст, ки ба тарафи эътирозгарон тир напарронанд. Сухангӯи Жээнбеков гуфт, ӯ дар Бишкек аст ва вазъиятро таҳти назорат дорад.
Дар бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек садҳо нафар ҷароҳат бардошта, як нафар ба ҳалокат расид. Аз 5 октябр дар пойтахти Қирғизистон тазоҳуроти тарафдорони ҳизбҳое, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябр шикаст хӯрданд, идома дорад. Онҳо баргузории интихоботи навро талаб доранд.
Kunduz Zholdubaeva
Алмазбек Шаршенович передает всему народу пламенный привет!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.