расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Сабти боз 1 фавт аз COVID-19 дар рӯзҳои истироҳат

. / Ҷомеа

Сабти боз 1 фавт аз COVID-19 дар рӯзҳои истироҳат

Шумори умумии сироятёфтагон ба 10 ҳазор нафар наздик мешавад.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus
Ба ҳолати то субҳи 5 октябр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 9 ҳазору 935 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 83 кас афзуд.
Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ боз 1 нафар зиёд шуда, аз оғози пандемия ба 78 нафар расид.
Шумори шифоёфтагон дар рӯзҳои истироҳати сипаришуда 88 нафар афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 8 ҳазору 749 нафар (88%)-ро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 34,9 млн нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 025 647 кас фавтиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.