расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВОХӮРИИ ПАДАРУ ПИСАР ДАР МАСКАВ БАЪДИ 25 СОЛИ ҶУДОӢ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

ВОХӮРИИ ПАДАРУ ПИСАР ДАР МАСКАВ БАЪДИ 25 СОЛИ ҶУДОӢ (ВИДЕО)

Каримҷон Ёров, ҳомии шинохтаи муҳоҷирони тоҷик, ки ахиран аз ёфт шудани Раҳматшо Диловаров ном муҳоҷири тоҷики 25 сол пеш гумшуда хабар дода буд, рӯзи 3 октябр видеои лаҳзаи мулоқоти ин марди алакай 60-соларо бо писараш нашр кард. Писараш, ки падари худро бори охир дар сесолагиаш дида буд, дар ин 25 сол як марди баркамол шуда, ӯ ҳам роҳи мардикорӣ дар Русияро пеш гирифтааст. Каримҷон Ёров навиштааст, ки падару писар то охирин лаҳза хабар надоштанд, ки онҳо ба дидори ҳам мерасанд.
Дар видео дида мешавад, ки вақте писарашро ба Раҳматшо Диловаров шинос мекунанд, ӯ беихтиёр инони гиряро сар медиҳад ва пеши фарзандаш нишаста, мӯи сари ӯро навозиш мекунад. Шояд мехоҳад он ҳама навозиши падарро, ки писараш маҳрум аз чунин навозиш ба воя расид, ҷуброн кунад. Шояд мехоҳад барои онки ин қадар сол барои писараш падарӣ карда натавонист, узр бипурсад. Фақат ӯву Худояш медонанд, ки дар ин лаҳзаҳо аз дили Раҳматшо Диловаров чӣ мегузашт...
Каримҷон Ёров рӯзи 1 октябр хабар дод, ки як муҳоҷири тоҷикро, ки 25 сол боз дар Русия гум шуда буд, пайдо кардаанд. Раҳматшо Диловаров баъди гум кардани ҳуҷҷатҳояш ин қадар сол барои як чорводори қалмиқ дар ивази ҳамагӣ 5 ҳазор рубл чӯпонӣ мекардааст.

Каримджон Ёров

Вохурии падару писар,ки 20 сол якдигарро надида буданд.Писару падар то лаҳзаи охир намедонистанд.

ДУШАНБЕ, КӮЧАИ ХОРУҒ, 36: РЕПОРТАЖИ ХЕЛЕ ЗЕБОВУ ДИДАНӢ АЗ ХОНАИ АКАИ ҒАЙРАТШО (ВИДЕО)
Хабарнигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд гузориши зебои видеоиро аз хонаи Ғайратшо Диловаров, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоруғ, 36 нашр кард. Ин суроға рӯзи 1 октябр, дар пайи нашри видеои як марди тоҷике, ки 25 сол боз дар Русия бедарак шуда буд, вирди забонҳо шуд. Раҳматшо Диловаров гуфт, зодаи кӯчаи Хоруғ аст ва бародараш Ғайратшо ном дорад. Ғайратшо Диловаров гуфт, аз шунидани хабари зинда будани бародараш ӯ ва аҳли хонаводааш хеле шод шудаанд ва ҳоло хонаву дарашонро ба пешвози Раҳматшо омода мекунанд. Ин хонавода зодаи деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвоз будааст.

Раҳматшо Диловаров як рӯз қабл қисса кард, ки ҳуҷҷатҳояшро дар Русия гум карда, ин қадар сол барои як чорводори қалмиқ чӯпонӣ мекард ва тамосе бо наздиконаш дар Ватан надошт.
Khilvatsho Khojaev
Дар роҳ ба сӯи хонаи бародари Раҳматшо Диловаров..., ҷое, ки 25 сол пеш ӯ аз ин ҷо баромада ба Русия рафта , дар Қалмиқистон (Калмыкия) ин қадар сол монд...
Инак, хонаи акаи Ғайратшоҳ Диловаров!!!
Кӯчаи Хоруғ 36, шаҳри Душанбе


Каримҷон Ёров, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик рӯзи 1 октябр дар Русия аз ёфт шудани як марди зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки соли 1995 ба Русия омада, тайи 25 сол на боре ба Тоҷикистон рафтааст ва на бо хешовандонаш дар Ватан тамос доштааст. Ин мард вақте ба Русия омад, ҳамагӣ 35 сол дошт ва ҳоло 60-сола шудааст.
Ин мард Диловаров Раҳматшо Ҳаловатович ном дошта, соли таваллудаш 1960 ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоруғ, 36 будааст.
Ин мард қисса мекунад, ки вақте ба Русия омад, ҳуҷҷатҳояшро гум кард ва ба ҳамин далел, пинҳон мегашт. Ӯро як чӯпони қалмиқ барои бонӣ кардани рамаи гӯсфандонаш киро карда, ҳамагӣ 5 ҳазор рубл муздаш медодааст.
Раҳматшо Диловаров мегӯяд, бародараш Ғайратшо Диловаров низ дар кӯчаи Хоруғ зиндагӣ мекард ва вақте ӯ соли 1995 ба Русия омад,як писари сесола дошт.
Каримҷон Ёров гуфт, консулгарии Тоҷикистон шаҳрвандии Диловаровро тасдиқ карда, барояш ҳуҷҷати бозгашт ба Ватан омода кардааст ва ҳоло ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон пул ҷамъ карда истодаанд, то ӯро ба Ватан фиристанд. Каримҷон Ёров гуфт, касе ки наздикони ин мардро мешиносад, барояшон хушхабар диҳад, ки ӯ зинда аст ва ба зудӣ бармегардад.
Худи Раҳматшо Диловаров гуфт, агар ба Ватан баргардад, хоки Тоҷикистонро бӯса хоҳад зад...




 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.