расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МАРГИ СИРОҶИДДИНУ ҚАНДИЛ – ДУ ҲАМХИДМАТ, ДУ БАРОДАР, ДУ КАБӮТАР...

Ҷомеа / Ҳаводис

МАРГИ СИРОҶИДДИНУ ҚАНДИЛ – ДУ ҲАМХИДМАТ, ДУ БАРОДАР, ДУ КАБӮТАР...

Сиёвуш АкобиршоЧун диққати онҳо комилан ба дарё тамаркуз шудмебинандки писарбачаи мактабхоне миёни он ғарқ шуда истодаастБалеДарвоқеъ писарбача буд!
Дар ин ҳол Қандил барои дасти ёрӣ дароз намудан ба сӯи дарё медавадки баногоҳ партгоҳи он зери пояш чаппа шуда ӯ бо либосҳои ғафси тирамоҳӣ ва милтиқу дигар таҷҳизоти ҳарбияш ба қаъри дарё меравад.
Сироҷ ин манзараи пурдаҳшатро дида саросемавор аз ҷайби сари сина чизе бароварда автоматашро болояш гузошта дар ҳолати ҳаяҷони руҳӣ аз барои наҷоти ду ҷондӯст ва писарбачаи мактабхон худ низ ба дарё мепарадСироҷ ҳис намудки об бисёр хунук будбар замми ин либосҳои ҳарбии ғафси ӯ барояш имкон надодандки озодона шино кунад...
Чаҳор аскареки ба масофаи начандон дур аз онҳо пешопеш будандшояд садои шалпаси обро шунида яку якбора рӯ ба ақиб гардондандки Сироҷ ба чашми онҳо андаке аз даруни об намоён будАз ҷой бо суръати баланд ба самти ӯ ҷаҳиданд... вале мутаассифона дигар нишоне на аз ду ҳамхизматонашон буду на аз писарбачаи мактабхон...
Боз садое аз болои санги азими байни дарё баланд шуд... Он ду кабӯтари рангин низ бо садо ва бо шаст ба осмон бархестанд. Вале ин дафъа онҳоро ҳеҷ кас надид, ба ҷузъ осмони софу беғубор...
Маҳзуну ғамгин чаҳор сарбоз ба лаби дарё мераванд, ки онҷо автомат ва дар зераш акси Нозанинро мебинанд...
Siyovush Akobirsho
Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов - ду сарбоз, ду ҷавонмард ва ду қаҳрамони мардуми Бадахшонзамин!
Руз офтобӣ буд, аммо аломатҳои фасли тирамоҳ бо тамоми ҷузъиёташ дар боду ҳаво, табиати зардина ва ҳатто дар нафаси тоза, вале салқини махсус ҳувайдо буд.
Рузе дастаи аскарон иборат аз 6 нафар, ки масири ҳаракаташон ба сӯи посбонгоҳи (ба қавли маъруф Застава) шаҳраки Вамари ноҳияи Рушон буд, қадамзанон ва беист ҳаракат мекарданд. Бале, онҳо аз наряди навбатӣ омада буданд.
Чаҳор нафари ин гуруҳ силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба бар дар як радифи батартиб чунон тез қадам мезаданд, ки сарро барои дидани вусъати дурии роҳ ҳам набардоштанд. Ба назар менамуд, ки хаставу бемадор буданд. Вале ду тани дигари ин гуруҳ, ки Сироҷу Қандил ном доштанд, аз дунболи онҳо баробари ҳамдигар ҳаракат мекарданд. Марзу бум ғарқи хомушӣ буд, дарёи Панҷ низ бо паҳноӣ ва чуқурияш ором ба назар менамуд. Қарс-қарси алафи хушкшуда аз зери музаҳои онҳо садо мебаровард ва аз дур чир-чири малахакҳои саҳроӣ ба гуш мерасид.
Аммо манзараи шигифтовар он буд, ки як кабӯтари сап сафеди кучак ва ду кабӯтари дигари хушру, ки зоҳиран ба мисли либосҳои низомии Сироҷ ва Қандил рангоранг буданд, болои харсанге дар миёни дарё нишаста бо хоҳиши парвоз, вале парешон ба ҳар тараф назар доштанд.
Сироҷ, ки тирамоҳи соли 2018 ба сафи қувваҳои мусаллаҳ шомил шуд, баъди ду соли адои хизмат ва дар ин рузҳои моҳи октябр бояд ба зодгоҳаш бармегашт. Барои Қандил низ 9 моҳи аскарӣ боқӣ монду халос.
-- Сироҷ, сағера хона мерай, бо нашавад, ки мора фаромӯш кунӣ -- ногаҳон сукутро шикаст Қандил.
-- Братан Хона, ки расидум, хаму гапи гуфтагим.
-- Кадом гап?
-- Э ҳаа, сад бор гуфтумут ку! - Хитоб намуда аз ҷайбаш аксеро баровард Сироҷ -- мана нигаҳ кун!
-- Ҳаа, Нозанин? Ее ту шери Бахудо, шери нар! Ошут шава... Блин, жалко ман дар рузи тӯйут нестум брат.
-- Ғам нахӯр, туда отдельно тӯйа мекунам, кай вақте, ки омадӣ - бовиқор ва дилпурона ҷавоб дода дар ҷояш истод Сироҷ - э ҳа, лекин ту баъди 9 моҳ миой. Худо хоҳад, 9 моҳда ай ма кӯдак таваллуд мешава брат, кӯдак! Агар шуду, писар ба дунё ояд, ман ҳатман номи туро мегузорам. Розӣ ҳастӣ? Ту брати маӣ ку?
-- Қоҳ-Қоҳ - хандид Қандил ва даст бар китфи ҳамхизматаш гузошт. - Лутфат беназир аст дусти азизам Сироҷ. - Насиб бошад, аввалҳои моҳи апрел прикази ма ҳам мебарояд, хона, ки омадум, пас аз мавсими кишту кор зан мегирум. Модарам кадоме аз хешовандонашро бароям интихоб намудааст. Ҳаммааш як тарафу... Ту на самом деле мада бисёр меҳрубонӣ кардаӣ. Ман инро ҳаргиз фармуш намекунам. Дар ёдут ҳаст, ки дар рӯзҳои аввали хизмат ай дуруни мӯзаат ба ман бодиринг дода будӣ? Аз кадом огород дуздида будӣ амура?
Дар ин маврид қаҳқаҳаи ду сарбоз, ду ҳамхизмат, ду ҷура, ду ҳамяроқ ва ниҳоят ду бародар баланд шуд. Чунон хандиданд, ки анқариб аз ханда рудакан шуданд. Онҳо ба самти мағриб лаб-лаби дарёи Панҷ роҳашонро идома доданд, ки банохост кабӯтари сап сафеди кучак ки дар фарқи (сари) харсанг ҳамроҳи ду кабӯтари дигари рангин нишаста буд, кашишнок садое ба мисли ҳуштак бароварда ба осмон парвоз кард. Садои пар-параш чунон баланд буд, ки диққати Сироҷ ва Қандилро ба худ ҷалб намуд. Онҳо ба кабӯтарҳо назар намуданд, ки дутои онҳо ҳоло дар ҷояшон нишаста ошуфта ва бо тарс ба ҳар сӯ назар доранд.
Чун диққати онҳо комилан ба дарё тамаркуз шуд, мебинанд, ки писарбачаи мактабхоне миёни он ғарқ шуда истодааст! Бале! Дарвоқеъ писарбача буд!
Дар ин ҳол Қандил барои дасти ёрӣ дароз намудан ба сӯи дарё медавад, ки баногоҳ партгоҳи он зери пояш чаппа шуда ӯ бо либосҳои ғафси тирамоҳӣ ва милтиқу дигар таҷҳизоти ҳарбияш ба қаъри дарё меравад.
Сироҷ ин манзараи пурдаҳшатро дида саросемавор аз ҷайби сари сина чизе бароварда автоматашро болояш гузошта дар ҳолати ҳаяҷони руҳӣ аз барои наҷоти ду ҷон - дуст ва писарбачаи мактабхон худ низ ба дарё мепарад. Сироҷ ҳис намуд, ки об бисёр хунук буд, бар замми ин либосҳои ҳарбии ғафси у барояш имкон надоданд, ки озодона шино кунад...
Чаҳор аскаре, ки ба масофаи начандон дур аз онҳо пешопеш буданд, шояд садои шалпаси обро шунида яку якбора ру ба ақиб гардонданд, ки Сироҷ ба чашми онҳо андаке аз даруни об намоён буд. Аз ҷой бо суръати баланд ба самти у ҷаҳиданд... вале мутаассифона дигар нишоне на аз ду ҳамхизматонашон буду на аз писарбачаи мактабхон...
Боз садое аз болои санги азими байни дарё баланд шуд... Он ду кабӯтари рангин низ бо садо ва бо шаст ба осмон бархестанд. Вале ин дафъа онҳоро ҳеҷ кас надид, ба ҷузъ осмони софу беғубор...
Маҳзуну ғамгин чаҳор сарбоз ба лаби дарё мераванд, ки онҷо автомат ва дар зераш акси Нозанинро мебинанд...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.