расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Минбаъд мудирони маорифро вазорат таъин мекунад

. / Ҷомеа

Минбаъд мудирони маорифро вазорат таъин мекунад


Раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро аз ҳаққи таъин ва барканор кардани мудирони идораҳои маориф маҳрум карданд ва дубора ин масъулиятро ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм доданд.
Бо вуҷуди мухолифати бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон, ин қарор рӯзи 1-уми октябр дар порлумон қабул шуд.
Ҷонибдорон ҳадаф аз ин қарорро «назорату беҳтар кардани сифати таълим номиданд», вале мухолифон мегӯянд, «ин иқдом метавонад боис ба бештар шудани омилҳои коррупсионӣ гардад».Аз соли 2014 ба ин тараф таъину барканории масъулони идораҳои маориф дар ихтиёри раисони шаҳру ноҳияҳо буд. Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 1-уми октябр дар порлумон гуфт, дар ин муддат «фаъолияти мудирони маориф аз назорат дур монда, боис ба таъин гардидани шахсони тасодуфию бесалоҳият ва кам гардидани эътибори омӯзгорон дар ҷомеа шудааст.»»Дар 26 шаҳру ноҳия, дар маҷмуъ, 28,2 дарсади сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф шахсоне таъин гардидаанд, ки фаъолияти пешинаашон умуман ба ин соҳа (маориф) рабт надорад», — мисол овард ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.