расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Як салоҳияти раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро кам карданд

. / Ҷомеа

Як салоҳияти раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро кам карданд

Бинои порлумони Тоҷикистон
Раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро аз ҳаққи таъин ва барканор кардани мудирони идораҳои маориф маҳрум карданд ва дубора ин масъулиятро ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм доданд. Бо вуҷуди мухолифати бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон, ин қарор рӯзи 1-уми октябр дар порлумон қабул шуд.
Ҷонибдорон ҳадаф аз ин қарорро "назорату беҳтар кардани сифати таълим номиданд", вале мухолифон мегӯянд, "ин иқдом метавонад боис ба бештар шудани омилҳои коррупсионӣ гардад".
Аз соли 2014 ба ин тараф таъину барканории масъулони идораҳои маориф дар ихтиёри раисони шаҳру ноҳияҳо буд. Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 1-уми октябр дар порлумон гуфт, дар ин муддат "фаъолияти мудирони маориф аз назорат дур монда, боис ба таъин гардидани шахсони тасодуфию бесалоҳият ва кам гардидани эътибори омӯзгорон дар ҷомеа шудааст."
"Дар 26 шаҳру ноҳия, дар маҷмуъ, 28,2 дарсади сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф шахсоне таъин гардидаанд, ки фаъолияти пешинаашон умуман ба ин соҳа (маориф) рабт надорад", -- мисол овард ӯ.
Аммо Саидҷафъар Усмонзода, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби демократ гуфт, ки додани ин салоҳият ба ихтиёри Вазорати маориф "кори дуруст нест". Вай таъкид кард, "чунин иқдом, баръакс, метавонад боис ба сар задани омилҳои коррупсионӣ гардад."
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон дар хитоб ба Усмонзода гуфт, ки барои пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ дар миёни мутахассисон дар ҳар 3-4 сол "ротатсия" гузаронида мешавад. "Вақте вазири маориф масъулони ин ниҳодро ба мақоме пешниҳод мекунад, раисони ноҳияҳо низ комилҳуқуқанд ва метавонанд бубинанд, ки то куҷо ин шахс ба вазифа лоиқ аст", -- шарҳ дод ӯ.
Пас аз баҳсу баррасиҳо лоиҳаи қонун "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” бо ҷонибдории аксар вакилон қабул гардид. Саидҷафъар Усмонзода пас аз қабули лоиҳа, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агар мо бо чунин амал қудрати раисони ноҳияҳоро кам кунем, онҳо дигар раис не, балки “администратор” мешаванд. Раисони ноҳияҳо хубтар медонанд, ки киро ба ин мақом таъин кунанд."
Усмонзода афзуд, "қудрати раисони ноҳиҳо набояд аз ихтиёрашон гирифта шавад, баръакс, ба онҳо ваколатҳои бештар дод ва рушди ноҳияҳоро аз онҳо талаб кард."
Соҳаи маориф дар Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ноҳияҳо сармоягузорӣ мешавад ва дар чанд соли ахир таъину барканории масъулони сохторҳои маҳаллии Вазорати маориф аз сӯи раисони ноҳияҳо боиси баъзе аз баҳсҳо шуда буд.
Аз ҷумла, соли 2017 Рустам Солиев, нафаре, ки ба вазифаи мудири маорифи ноҳияи Восеъ таъин гардид, пас аз ним соати ба ин вазифа омадан, бо як тасмими раиси ноҳия, билофосила барканор шуд ва он замон чунин бархӯрд баҳсҳоеро ба миён гузошт.
Масъалаи таъину озод намудани мудирони маориф дар ҳоле ба ихтиёри Вазорати маориф гузашт, ки бархе аз коршиносону омӯзгорон мегӯянд, бовар надоранд, бо амалӣ шудани ин иқдом дар низоми маориф пешравиҳое ба миён ояд. Соҳае, ки ҳамвора барои камбудҳо танқид мешунавад.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.