расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар атрофи Хуҷанд роҳи мошингарди нимҳалқавӣ месозанд

. / Ҷомеа

Дар атрофи Хуҷанд роҳи мошингарди нимҳалқавӣ месозанд

Масофаи он зиёда аз 22 километр аст.

Сурат: аз tkstack.ru
Лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди нимҳалқавӣ дар атрофи шаҳри Хуҷанд ва барқарор намудани ҳолати экологии Сирдарё рӯзи 30 сентябр дар ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баррасӣ шуд.
Зикр шуд, ки амалисозии лоиҳа дар Хуҷанд ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ пешбинӣ гардида, лекин татбиқ нашуд. Акнун сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба амалисозии он дастур додааст.
Амалисозии лоиҳа дар ду марҳила пешбинӣ шудааст. Дар марҳилаи аввал сохтмони роҳи масофааш 22 километр дар атрофи қисмати соҳили чапи шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин таъмиру навсозии пул аз болои Сирдарё, ки соли 1963 сохта шудааст, дар назар аст.
Марҳилаи дуюми лоиҳа барқарор кардани вазъи экологии Сирдарё ва шаҳр, анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо мақсади бунёди иншооти сайёҳӣ, солимгардонӣ, фароғатӣ ва транзитиро дар ду соҳили дарё (аз шаҳри Гулистон то шаҳри Хуҷанд бо масофаи 31 километр) дар бар мегирад.
Зарурати амалисозии ин лоиҳа раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди зерсохтори сайёҳӣ ва рушди ин соҳа унвон мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.