расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистону Афғонистон низоми экологии Панҷу Амӯдарёро ҳифз мекунанд

. / Ҷомеа

Тоҷикистону Афғонистон низоми экологии Панҷу Амӯдарёро ҳифз мекунанд

Байни кишварҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи муҳити зист имзо шуд.


Байни Тоҷикистону Афғонистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи муҳити зист имзо шуд. Он барои  кори муштарак дар самти ҳифзи низоми экологии кӯҳии умумии ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амӯдарё асос мешавад.
Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, гуфтушунидҳо миёни кишварҳо таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ бо дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП)  аз соли 2012 баргузор мешаванд.
Созишномае, ки 17 сентябри соли 2020 дар Душанбе ба имзо расид, ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ шудааст. Он ба панҷ масъалаи калидӣ дахл дорад: мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ, мониторинги сифати об, арзёбии экологӣ ва табодули донишу таҷриба дар соҳаи идоракунии низоми экологӣ.

Дар он уҳдадориҳои ду кишвар дар баргузории арзёбии экологии лоиҳаҳои муштарак ва огоҳ кардани ҳамдигар дар сурати таъсири имкопазири фаромарзӣ ба муҳити зист зикр шудааст.
Манзараҳои таъсирбахшу зебо ва нотакрори Помиру Вахон, ки пиряхҳои онҳо ба маҷрои Амӯдарё - бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ оғоз мебахшанд, макони зисти навъои нодири ҳайвоноту наботот мебошанд.
“Созишнома ба Тоҷикистону Афғонистон дар қабули қарорҳои муштарак, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва нигаҳдории гуногуншаклиии биологӣ равона шудаанд, имкон медиҳад. Умедворем, ки ин ҳамкорӣ минбаъд дар дигар кишварҳои ҳавзаи Амӯдарё низ роҳандозӣ хоҳад шуд”, - изҳор доштааст роҳбари Барномаи ЮНЕП оид ба масоили офат ва низоъҳо Гарри Люис.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.