расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷашнвораи асал ва озмуни ангур дар Душанбе

. / Ҷомеа

Ҷашнвораи асал ва озмуни ангур дар Душанбе

Ҳамчунин озмуни ангур низ баргузор мешавад

Сурат: Asia-Plus
3-юми октябр дар Душанбе Ҷашнвораи намоиши фурӯши асал ва озмуни ангур баргузор мешавад. Қарор аст дар ин ҷашнвора беҳтарин асалпарварро муайян кунанд. Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ дар ин ҷашнвора (фестивал) замбурпаварон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ меоянд.
Ба навиштаи  торнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин ҷашновара дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Вазора ҳадафи баргузории ин ҷашнвора ва озмунро “тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур ва аз таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан” унвон кардааст.
Бино ба маълумоте, ки Вазорати кишварзӣ пешниҳод кардааст то 30 сентябр соли равон  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 232146 оилаи занбури асал (103,3%) мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна (100,1%) асал истеҳсол карда шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли 1, 8 тонна зиёд мебошад.

Ин вазорат ҳамчунин тавсия додааст, ки меъёри шабонарўзии истеъмоли асал барои калонсолон 70-75 грамм, барои бачаҳо 30-35 грамм мебошад. “Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, он танҳо ба инсон қувват мебахшад. Онҳое, ки нисбат ба асал ҳассосият (аллергия) доранд, бояд онро аз меъёр кам ва бо омехтаи меваю равғанҳо истеъмол намоянд. Қувватнокии асал бениҳоят баланд буда, 3150  килокалория аст”, -хулоса додааст ин ниҳод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.