расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕО: ЯК ДУХТАРРО ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ РОНДАНИ МОШИН БО СУРЪАТИ 175 КМ/СОАТ ҶАРИМА БАСТААНД

Ҷомеа / Ҳаводис

ВИДЕО: ЯК ДУХТАРРО ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ РОНДАНИ МОШИН БО СУРЪАТИ 175 КМ/СОАТ ҶАРИМА БАСТААНД

РВКД Душанбе хабар дод, ки Светлана Юдина, як сокини 29-солаи Душанберо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима баста, қатъиян огоҳ кардаанд, ки дигар ба чунин кор роҳ надиҳад. Мақомоти милисаи пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, Светлана Юдина қаблан дар Инстаграм «намоишкорона» видеои бо суръати 175 км дар як соат рондани мошинаш – тамғаи «Ауди 4», рақами давлатиаш 0080 QD 01-ро нашр кардааст.
РВКД Душанбе хабар дод, ки Светлана Юдина, як сокини 29-солаи Душанберо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима баста, қатъиян огоҳ кардаанд, ки дигар ба чунин кор роҳ надиҳад. Мақомоти милисаи пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, Светлана Юдина қаблан дар Инстаграм «намоишкорона» видеои бо суръати 175 км дар як соат рондани мошинаш – тамғаи «Ауди 4», рақами давлатиаш 0080 QD 01-ро нашр кардааст.
Идора намудани воситаи нақлиёт бо вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ба навор гирифтану онро дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр намудан амали худнамоӣ буда, чунин афрод бо ин роҳ мехоҳанд бартарияти худро нисбат ба дигар шаҳрвандон, аниқтараш ронандагони воситаҳои нақлиёт нишон диҳанд.
Мутаассифона, чунин амалҳои ношоям баъзан аз ҷониби ронандагони ҷинси латиф ба назар мерасанд, ки ҷои нигаронист.
Аз ҷумла як қатор истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо ирсоли наворҳои бо суръати баланди 175 км/с идора намудани воситаи нақлиёт дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе аз ҷониби як нафар ҷавондухтар, ки дар саҳифаи шахсии худ дар Инстаграм нашр намудааст, аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намудаанд, то нисбати ин кирдорҳои намоишкорона ва қоидавайронкуниҳои ҷавондухтар чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки нафари дар наворҳо инъикосёфта шаҳрванд Юдина Снежана Руслановна соли таваллудаш 21.03.1991. сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёти шахсиаш тамғаи «Ауди А4» рақами қайди давлатиаш 0080 QD 01, пайваста ба вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даст задаст. Ҳамзамон номбурда чунин амали ғайриқонунии худро ба навор гирифта дар саҳифаҳои шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст.
Ин амали намоишкорона ва нодида гирифтани талаботҳои қонунгузорӣ боиси норозигӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбати номбурда гардиданд. Вобаста ба ин баъд аз муайян гардидан, автомашинаи номбурда боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт бо моддаи 325 қисми 2 ва гузаштан дар чароғаки сурх модда 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурииҶумҳурии Тоҷикистонмаводҳо маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.