расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ХУШХАБАР! ЯК МАРДИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАЪДИ 25 СОЛ ПАЙДО КАРДААНД! ДИЛОВАРОВ РАҲМАТШО АЗ КӮЧАИ ХОРУҒИ ДУШАНБЕ

. / Ҷомеа

ХУШХАБАР! ЯК МАРДИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАЪДИ 25 СОЛ ПАЙДО КАРДААНД! ДИЛОВАРОВ РАҲМАТШО АЗ КӮЧАИ ХОРУҒИ ДУШАНБЕ

Каримҷон Ёров, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз ёфт шудани як марди зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки соли 1995 ба Русия омада, тайи 25 сол на боре ба Тоҷикистон рафтааст ва на бо хешовандонаш дар Ватан тамос доштааст. Ин мард вақте ба Русия омад, ҳамагӣ 35 сол дошт ва ҳоло 60-сола шудааст.
Ин мард Диловаров Раҳматшо Ҳаловатович ном дошта, соли таваллудаш 1960 ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоруғ, 36 будааст.
Ин мард қисса мекунад, ки вақте ба Русия омад, ҳуҷҷатҳояшро гум кард ва ба ҳамин далел, пинҳон мегашт. Ӯро як чӯпони қалмиқ барои бонӣ кардани рамаи гӯсфандонаш киро карда, ҳамагӣ 5 ҳазор рубл муздаш медодааст.
Раҳматшо Диловаров мегӯяд, бародараш Ғайратшо Диловаров низ дар кӯчаи Хоруғ зиндагӣ мекард ва вақте ӯ соли 1995 ба Русия омад, як писари сесола дошт.
Каримҷон Ёров гуфт, консулгарии Тоҷикистон шаҳрвандии Диловаровро тасдиқ карда, барояш ҳуҷҷати бозгашт ба Ватан омода кардааст ва ҳоло ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон пул ҷамъ карда истодаанд, то ӯро ба Ватан фиристанд. Каримҷон Ёров гуфт, касе ки наздикони ин мардро мешиносад, барояшон хушхабар диҳад, ки ӯ зинда аст ва ба зудӣ бармегардад.
Худи Раҳматшо Диловаров гуфт, агар ба Ватан баргардад, хоки Тоҷикистонро бӯса хоҳад зад...



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.