расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҚАНД ЗАН, ТОЛИБ! БАҲСИ ПУРҶАСОРАТИ ЯК ТОҶИК БО ПУЛИСИ МАСКАВ БАРОИ ҲИМОЯТ АЗ ЯК МУҲОҶИРИ ДИГАР (ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

ҚАНД ЗАН, ТОЛИБ! БАҲСИ ПУРҶАСОРАТИ ЯК ТОҶИК БО ПУЛИСИ МАСКАВ БАРОИ ҲИМОЯТ АЗ ЯК МУҲОҶИРИ ДИГАР (ВИДЕО)

Дар гуруҳи фейсбукии «Мы, мигранты» рӯзи 1 октябр видеои баҳси як муҳоҷири тоҷик бо номи Толиб бо кормандони пулиси метрои Маскавро нашр карданд. Толиб вақте дид, ки як муҳоҷири дигари ношиносро кормандони пулис заданд, ба ҳимояти ӯ шитофт.
Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна Толиб бо лаҳни шикастаи русӣ аз пулис мепурсад, ки чаро бе ягон асос ӯро задӣ? Ҳоли пулис аз пурсуҷӯи беисти Толиб чунон танг шуд, ки ӯ ба худсафедкунӣ гузашт ва гуфт, ӯро назадааст, ин як «приём» буд, ки ҳангоми боздошт истифода бурд. Вале Толиб бо исрор ва бо такрор ба корманди пулис мегуфт, ки ҳеҷ зарурати истифодаи нирӯ набуд, вале ту ӯро задӣ!
Ғавғои баланди баҳси Толиб бо кормандони пулис дар як они воҳид издиҳоми мардумро дар назди ҳуҷраи пулис ҷамъ овард. Дар байни онҳо мардуми рус ҳам буданд ва яке аз онҳо – марди ришдори симояш аврупоӣ ба хотири кумак ба муҳоҷири боздоштшуда ҳатто зада, ба ҳуҷраи пулис даромад.
Гуля Азимова, ки ин видеои корнамоии дар воқеъ қаҳрамононаи Толибро нашр кард, ба ӯ аҳсан хондааст: «Офарин, Толиб! Маълум шуд, ки Толиб он ҷабрдидаро ҳатто намешинохтааст. Вале то метавонист ҳимоят кард, ғавғо бардошт... Ҳамватанон, бояд аз Толиб ибрат гирифт...»
Гуля Азимова баъди чанде хабар дод, ки кормандони пулис вақте ноком шуданд, ба Толиб таҳдид кардаанд, ки «мо туро меёбем ва худат медонӣ, ки баъд бо ту чӣ хоҳем кард...»
Гуля Азимова
Вот так издеваются над нашими. Видео снял Толиб наш земляк. Молодец Толиб, оказывается Толиб даже не знал потерпевшего..но не смог пройти мимо чужих бед. Как смог защищал, поднял шум... Спасибо огромное Толиб. Земляки давайте жить дружно. Надо взять пример с Толиба...
<blockquote class="embedly-card"><h4><a href="https://www.facebook.com/groups/836357869854835/permalink/1749545405202739/">Гуля Азимоваa>h4><p>Вот так издеваются над нашими. Видео снял Толиб наш земляк. Молодец Толиб, оказывается Толиб даже не знал потерпевшего..но не смог пройти мимо чужих бед. Как смог защищал, поднял шум... Спасибо...




Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.