расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори расмии фавтидагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба 67 нафар расид

. / Ҷомеа

Шумори расмии фавтидагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба 67 нафар расид

Вазорати тандурустӣ рӯзи 24-уми август эълон кард, ки дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон як нафар аз коронавируси нав ҷон бохтааст ва шумори умумии қурбониён аз охири моҳи апрел то ин дам ба 67 нафар расид.
Ҳафтаҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги пайиҳами чанд кас бо гумони коронавируси нав ва илтиҳоби шуш дар минтақаҳои Тоҷикистон гузориш шуд, аммо мақомот мегӯянд, вазъи вобаста ба бемории ҳамагир муътадил аст. Ин дар ҳолест, ки дар шабонарӯзи гузашта корбарони Фейсбук марги, ба камияш 2 нафарро ба коронавируси нав рабт додаанд.
Ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел то ин дам 8346 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, беш аз 7 ҳазор кас шифо ёфтаанд. Дар Вазорати тандурустӣ рӯзи 24-уми август гуфтанд, "дар шабонарӯзи ахир 81 гумонбар зери назорати табибон қарор доранд".
Ин дар ҳолест, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар як муроҷиат ба мардум гуфтааст: "Рӯзҳои охир ҳолатҳои нави сироятёбӣ, бахусус бидуни нишонаҳои хос ошкоршавии беморӣ табибонро ба ташвиш овардааст".
Дар муроҷиат, ки рӯзи 24-уми август дар саҳифаи сухангӯи ҳукумати Хуҷанд дар Фейсбук нашр шуд, омадааст: "Сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кӯча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд."
Аз он пеш, рӯзи 21-уми август, Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иддао карда буд, ки "40 рӯз боз мавҷи нави коронавирус ҳукмфармост".
Вай дар изҳороте дар Фейсбук навишт, баъд аз сафараш ба чанд минтақаи Тоҷикистон ба ин хулоса расид: "Дар шифохонаҳо беморонро қабул намекунанд. Тайи ду ҳафта шахсан шоҳиди марги беш аз даҳ нафар шудам. Беш аз 40 ҳолатро сабт кардам, фақат дар Панҷакент дар се рӯз беш аз 10 мавридро сабт кардам. Инро барои тарсондани ҷомеа намегӯям. Пӯшидани ниқоб бояд риоя шавад ва аз эҳтиёт кор гирифта шавад, чун ҳукумат феълан дар фикри баргузории интихоботи президентӣ аст."
Мақомоти Тоҷикистон ба иддаои Зоиров посух нагуфтаанд, вале дар оғози моҳи август сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев “мавҷи дувум”-и гирифторшавии сокинонро ба бемории ҳамагир рад карда буд.
Рӯзи 24-уми август теъдоди қурбониёни коронавируси нав дар ҷаҳон аз 818 ҳазор нафар бештар шуд. Шумори мубталоён ба беш аз 23 миллиону 500 ҳазор кас расид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.