расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Ман ҳоло дарк накардаам”. Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои олимпӣ

Ҷомеа / Варзиш

“Ман ҳоло дарк накардаам”. Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои олимпӣ

Гӯштингири маъруфи тоҷик (навъи ҷудо) Сомон Маҳмадбеков рӯзи 30 июл бо пирӯзӣ бар варзишгари итолиёвӣ Антонио Эспозито дар вазни то 81 кг ба медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж соҳиб шуд.

Ин аввалин медали гӯштингирони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ тайи 16 соли охир аст.

Ин аввалин медали гӯштингирони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ тайи 16 соли охир аст. Бори охир дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бар варзишгар аз Фаластин, сипас бар намояндаи Нидерланд дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Лекин дар ин давр аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвили аз Гурҷистон шикаст хӯрд.
Дар даври тасаллобахш ӯ гӯштингири ӯзбек Шарофиддин Болтабоевро мағлуб карда, дар рақобати ҳалкунанда барои медали биринҷӣ бар намояндаи Италия Антонио Эспозито дастболо шуд.
Сомон МаҳмадбековСурат аз IFJ
Қобили зикр аст, ки аз 14 намояндаи Тоҷикистон 4 варзишгар рақобатҳои худро дар Бозиҳои олимпӣ ба анҷом расониданд. Ҳоло мунтахаби Тоҷикистон танҳо ба як медали биринҷӣ соҳиб шуд.
Сомон Маҳмадбеков тӯли ҳунарнамоии худ ба медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2024 соҳиб шуда, соли 2023 ба унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиё шарафёб гардида буд.
Пас аз мусобиқа ҷудокори тоҷик аз таассуроти худ чунин изҳори назар кард:
“Эҳсосот? Ҳоло дарк накардаам. Хушбахтам, ки ин медалро соҳиб шудам. Тӯли тамоми фаъолияти худ, тамоми умр ба ин самт ҳаракат мекардам. Имсол бароям пурсамар омад - медалҳо аз чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ.
Зинаи баландтарро ҳам ишғол кардан имкон дошт. Вақте рақобати чаҳорякниҳоиро ба намояндаи Гурҷистон Григалашивли бохтам, мураббиям хеле норозӣ буд. Мо маҳз ба ӯ омодагӣ гирифта будем. Хаста шуда, ба хатогӣ роҳ додам ва рақобатро бохтам. Бо айби худам”, - гуфт варзишгар.
Сомон Маҳмадбеков иброз дошт, ки мехоҳад каме аз ҷудо истироҳат кунад - “муддати ду моҳ ва боз ба машқҳо бармегардад”.





1/8
Ҳамчунин дар ин рӯз бонуи муштзан аз Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар даври 1/16 финалӣ дар вазни 67 кг ба муқобили намояндаи ИМА Алисса Медос қувваозмоӣ карда, рақобатро бо ҳисоби 2:3 бохт ва аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуд.
Ба ин тариқ, аз 3 муштзани тоҷик 2 нафарашон Олимпиадаро тарк мекунанд. Танҳо Давлат Болтаев (92 кг) боқӣ монд, ки рӯзи 1 август дар даври 1/8 финалӣ бо намояндаи Ирландия Ҷек Марли ба майдон мебарояд


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.