расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Садоҳои баландро дар Душанбе "паст" мекунанд, вале на садои сохтмонҳоро

. / Ҷомеа

Садоҳои баландро дар Душанбе "паст" мекунанд, вале на садои сохтмонҳоро

Ҳукумати Душанбе бо ташкили як комиссия кори марказҳои хидматрасонӣ, аз ҷумла клубҳои шабонаро, ки бархе сокинон аз садои баландашон изҳори нигаронӣ кардаанд, ба танзим дароварданист. Аммо мақомот гуфтанд, комиссия бо садои баланд дар маҳалли сохтмонҳо коре карда наметавонад.
Дар ҳайати комиссияи нав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони шаҳр ва масъулони дигари ҳукумати пойтахт шомиланд. Қароре дар ин замина ду ҳафта пеш имзо шудааст ва ҳадафи он, ба гуфтаи мақомот, "роҳ надодан ба халалдор шудани оромиши сокинон аст". Яъне, комиссия маълум мекунад, ки марказҳои савдо ва клубҳои шабона то соати чанд кор кунанд. Пештар чунин иҷозаро мақомоти ноҳияҳои пойтахт медоданд. Ҳоло нигаронии моликони баъзе аз марказҳои савдо ва клубҳои шабона ин аст, ки "дарди сар" барои гирифтани иҷоза бештар хоҳад шуд ва нигаронии сокинон аз он аст, ки шояд баъзеро ҷазо диҳанд, вале мушкили куҳна дар умум ҳалношуда монад.
Дилшод Махсумов, сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъзе аз ҳолатҳое буд, ки вақти кориро то соати 11-и шаб гуфтаанд, аммо то 12 ё 1-и шаб кор мекунанд. Иншооте ҳаст, ки дар поёни хонаҳои истиқоматиянд, аммо берун аз реҷаи корӣ фаъолият карда, оромии сокинонро халалдор мекарданд."
Мусоҳиби дигари мо дар ҳукумати Душанбе тасдиқ намуд, ки шикоятҳо аз садои баланди кори баъзе аз иншооту марказҳои савдо ва клубҳои шабона зиёд шудааст. Чанде аз сокинони маҳаллаи маъруф ба 101-уми пойтахт низ гуфтанд, садои баланди як клуби шабона, ки дар ошёнаи дувуми тарабхонаи “Канд” ҷойгир аст, онҳоро нигарон кардааст.
Як сокини маҳалла, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз садои баланди клуб наметавонем шаб хоб равем. То субҳ садои мусиқӣ ба гӯш мерасад".
Рӯзи 24-уми август як мард, ки худро молики тарабхонаи "Канд" муаррифӣ намуд, нахост, дар ин бора суҳбат кунад. Ӯ бе зикри номаш гуфт, клуби шабона аз соли 2013 боз фаъол аст ва танҳо дар оғози кор баъзе шикоятҳо буд ва ҳоло шикоятҳо аз мусиқии баланди ин маркази дилхушӣ ба онҳо нарасидааст.
Бархе аз сокинони маҳаллаи “Испечак”-и шаҳри Душанбе низ аз садои баланди клубҳои шабонаи назди манзилҳояшон шикоят намуданд. Исматулло Саидов, сокини маҳалла, рӯзти 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, клуби шабонае, ки дар ошёнаи аввали тарабхонаи “Парасту” ҷойгир аст, то қарибии рӯз кор мекунад ва ғавғои зиёде аз он ҷо берун меояд.
Ӯ гуфт: "Дар баробари садои баланди мусиқӣ, дашному ҳақорати баъзе муштариёни ин маркази дилхушӣ ба гӯш мерасад. Онҳо аз клуб баромада, байни худ бо овози баланд гап мезананд ва якдигарро дашном медиҳанд."
Дар ҳамин ҳол, Диловар Рӯзиев, як масъули ин клуби шабона ба Радиои Озодӣ гуфт, дар санадҳо реҷаи корашон то соати 11-и шаб пешбинӣ шудааст, вале муштарӣ пайдо шавад, мумкин аст, аз ин бештар кор кунанд. Рӯзиев иброз дошт, ки дар шароити пандемияи коронавирус муштарӣ кам аст ва он тавре ки бархе аз сокинон мегӯянд, "одам ва ғавғои зиёд нест".
Гаштугузори хабарнигори Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар баробари садои баланди клубҳои шабона, аз кори шабона дар маҳалли сохтмони биноҳои нав низ нороҳатанд. Зумрад, сокини кӯчаи Ҳусейнзода дар маркази пойтахт, гуфт, "гирду атроф пур аз биноҳои навсохт шудааст, ки садои баланди онҳо зиёд асабӣ мекунад". Чанде аз ҳамсуҳбатони мо дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии Душанбе низ гуфтанд, гоҳе кори сохтмони биноҳои атрофашон то қарибии субҳ идома мекунад ва барояшон нороҳаткунанда аст.
Ҳамсуҳбатони мо дар ҳукумати Душанбе гуфтанд, қарори мувофиқасозии реҷаи корӣ ба кори ширкатҳои сохтмонӣ дахл надорад. Ин дар ҳолест, ки тибқи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ширкатҳои сохтмонӣ ҳақ надоранд, пас аз соати ёздаҳи шаб корҳоро бо истифода аз таҷҳизоти таъмирии садобардор идома диҳанд.
Як корманди ширкати сохтмонӣ дар Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, сохтмони бинои онҳо “ҷашнӣ” аст ва бино бар ин мақомот гуфтаанд, корҳоро зуд анҷом диҳанд: "То ҷашни 30-солагии истиқлол бояд тамом кунем, на ҳама вақт шабона кор мекунем. Гоҳе шабона корҳои бетонрезӣ мешавад, ки ба сокинон чандон халал намерасонад".
Шикоятҳо аз кори шабонаи баъзе ширкатҳои сохтмонӣ моҳи июл дар нишасти хабарии шаҳрдорӣ садо дод. Муҳаммадсаид Зубайдзода, муовини аввали раиси Душанбе гуфт, дар ҳудуди пойтахт 300 сохтмон аст, ки бояд дар соатҳои муайян кор кунанд. Сокинон ва огоҳон мегӯянд, ҳарчанд шикоятҳо аз фаъолияти шабонаи марказҳои дилхушӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ солҳо боз садо медиҳанд, ҳанӯз ин мушкил ҳалношуда мондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.