расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Рухшона: Собиқ шавҳарам хунамро мемакад

Ҷомеа / Ҳаводис

Рухшона: Собиқ шавҳарам хунамро мемакад

Ман Абророва Рухшона, соли таваллудам 1980, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, аз соли 2006 истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошам. Мухлиси ҳафтаномаи “Оила” будаму ҳастам, вале ҳоло бинобар серкорӣ вақти хондан намеёбам. Имрӯз собиқ шавҳарам маро маҷбур карда, ки ба идораи ин ҳафтаномаи дардошно биёяму дарди дил кунам, чун косаи сабрам лабрез гаштаву дигар тобу тоқатам намондааст. Шояд бисёриҳо ба ман лаънат хонанд, аммо аз ҳамаи бонувон хоҳиш мекунам, ки як бор худатонро дар ҷои ман тасаввур кунеду баъд хулоса бароред.
Ману собиқ шавҳарам Мирзоев Сӯҳробхон соли 1998 тариқи динӣ оила барпо кардем, вале аз қайди САҲШ нагузашта будем. Аз зиндагии якҷояамон соҳиби чор фарзанд, ду духтару ду писар ҳастем. Ҳамроҳи собиқ шавҳарам то соли 2014 зиндагии хуб доштем, вале баъдан ӯ зани дигар гирифту маро бо чор фарзандам партофта рафт. Рафту баъди чанд муддати рафтанаш, барои чор фарзандам тариқи суд аз шавҳарам алимент гирифтан хостам. Суд ҳам аризаи маро қонеъ карда, ба чор фарзандам дар ҳаҷми 400 сомонӣ (барои ҳар нафар 100 сомонӣ дар як моҳ) аз ҳисоби собиқ шавҳарам алимент ҷудо кард. Пас аз ин муносибати собиқ шавҳарам бо ману фарзандонам тамоман тағйир ёфт.
Аввал аз номи падараш ба суд ариза навишт, ки гӯиё хонае, ки мо дар он зиндагӣ дорем, падараш харида бошад. Суд омада, тафтиш кард ва бинобар гузаштани муҳлати даъво аризаро бекор намуд. Боз ҳамон аризаро худаш навишт, ки гӯиё хонаро худаш харида бошад. Ин ҳама дар ҳолест, ки хонаро ман худам харидаам ва на собиқ шавҳарам ва на собиқ хусурам ба он хона рабте надоранд. Дар толори суд гуфтанд, ки бояд як гурӯҳ омада, хонаро тафтиш кунанд ва баъдан қарор бароранд, аммо ман ягон нафарро надидаам, ки барои тафтиш кардани хонаву дари ман омада бошад. Ҳама ҳуҷҷатҳоро қалбакӣ омода карданд ва ба гуфтаи онҳо, гӯиё хонаи ман аз тарафи собиқ шавҳарам таъмир шуда, дару тирезаҳои пластикӣ часпонида шуда бошад. Ин корро онҳо ба он хотир карданд, ки хона моликияти умумӣ эълон карда шавад.
Ин ҳодиса соли 2016 буд. Баъдан ба назди судя Ҷобирзода Сурайё омада гуфтам, ки “раиса, шумо гуфтед, ки гурӯҳи тафтишотӣ рафта, хонаро тафтиш мекунад, аммо ягон нафар наомада, дар ҳуҷҷатҳо навишта шудааст, ки гӯиё хонаву дари маро шавҳарам таъмир карда бошад”. Судя гуфт, ки “боке нест, мо худамон суди сайёр ташкил карда, хонаи туро тафтиш мекунем”. Судя Ҷобирзода Сурайё худаш шахсан ба хонаи ман омад ва ҳамаашро бо чашмонаш дид. Ман нишон додам, ки хонаро ягон нафар таъмир накардааст ва дару тирезаи нав ҳам начаспонидааст. Ҳамон дару тирезаҳои пешина ҳанӯз ҳам дар ҷояшон ҳастанд. Судя ваъда дод, ки ин масъаларо то охир тафтиш карда мебинад.
Рӯзи мурофиа судя қарорро хонду ман дар ҳайрат мондам. Бо вуҷуди он ки омада, аз наздик дида буданд, хонаро моликиятӣ умумӣ эълон карда, собиқ шавҳарамро дар он хона маскун карданд. Ба маскун кардан ҳақ доштанд, вале бояд моликияти умумӣ эълон намекарданд, чун ману собиқ шавҳарам ақди никоҳи расмӣ надоштем. Никоҳи мо никоҳи динӣ буду халос. Барои ҳамагӣ 400 сомонӣ алимент, ки ман барои фарзандонам талаб кардам, собиқ шавҳарам чунин кард. Хонаи дуҳуҷрадорро тақсим карда, як ҳуҷраро ба собиқ шавҳарам ва як ҳуҷраи дигарр ба ману чор фарзандам тақсим карда доданд. Ду писарам дар ҳамон ҳуҷрае, ки ба собиқ шавҳарам дода шуд, хоб мекарданд. Ба суд ариза навишта, тариқи суд писаронашро аз ҳуҷра берун кард ва чанд сол мешавад, ки дари ҳуҷра қулф аст.
Хонаи ман дар биноҳои пешина ҷойгир аст ва ҳатто балкон надорад. Тасаввур кунед, ки панҷ нафар дар як ҳуҷраи танг зиндагӣ дорем. Фарзандонам ҷои хоби дуруст, ҳатто ҷои дарстайёркуниву ҷои либоспӯшӣ надоранд. Онҳо калон шудаанд, дар як ҳуҷра будани ҳамаашон аз рӯйи одобу аз рӯйи этика ҳам нест. Ба ғайр аз ҳамаи ин, дар ҳузури кормандони милитсияву иҷрочиёни суд ҳафт маротиба ба собиқ шавҳарам калиди дари берунро додаам, ки вақте мо дар хона нестем, бемалол даромада барояд. Калид дорад, аммо дарро мешиканад ва кормандони милитсияро фарёд карда, ҷангу даъво барпо мекунад. Дурӯғ мегӯяд, ки қулфи дарро иваз кардаед, калиди ман ба он надаромад. Мақсадаш паст кардани обрӯи мо дар назди ҳамсояҳо мебошад. Бовар накунед, ҳамаи сабтҳояш дар дасти ман ҳаст ва ман барои гуфтаҳоям далел дорам.
Азм кардам, ки хонаро фурӯшам, вале собиқ шавҳарам ду пояшро ба як мӯза дароварда, исрор дорад, ки моликияти шахсиашро ба фурӯш намегузорад. Шарт мондааст, ки агар хонаро фурӯхтан хоҳем, бояд ба ӯ 15 ҳазор доллар бурда супорем. Охир, хонаи маро агар фурӯшед, нархи он 15 ҳазор доллар намешавад. Ман ин қадар маблағро аз куҷо меёбам? Мо дар бонк низ 70 ҳазор доллар пул доштем. 35 ҳазор долларашро кадом вақте гирифтааст, ки ман хабар надорам ва 35 ҳазори дигараш боқӣ монда буд. Бовар мекунед, то қошуқу чойнику пиёлаи хонаи маро моликияти умумӣ гуфта, ду тақсим карданд. Ман ҳам ба суд ариза навиштам, ки як қисми ҳамон пули бонк ба фарзандони ман дода шавад. Аризаи маро рад карданд ва бар замми ин, 500 сомонӣ зарари моддию маънавӣ пардохт кардам. Собиқ шавҳарам пули бонкро гирифта, хона харидааст ва моликияти умумӣ накунанд гуфта, ба номи падараш гузаронидааст.
Дар як мурофиа ба судя гуфтам, ки мо дар кӯчаи Асадулло Ғуломов як хонаи дигар дорем. Судя гуфт, ки “исбот кун”. Ман адвокат киро кардам, вале ӯ хонаро ёфта натавонист. Як рӯз худам рафтам. Зани дигари собиқ шавҳарам баромад. Ба ӯ ҳатто худамро муаррифӣ накардам. Дурӯғ гуфтам, ки бемор дораму ба ман худи духтур лозим. Мақсадам дидани ҳамин хонаву дар буд. Собиқ шавҳарам дар роҳ будааст, ки расида омаду дарҳол милитсияро фарёд кард. Бо туҳмат нисбатам парвандаи ҷиноятӣ кушоданд, ки гӯиё ман зани собиқ шавҳарамро латту кӯб карда бошам. Бар замми ин, собиқ шавҳарам ҳам аз номи худаш ва ҳам аз номи ҳамсараш ариза навишта, аз ҳисоби ман зарари моддию маънавӣ рӯёнид. Собиқ шавҳари ман ана ҳамин гуна мард аст. Ба пояш хор халад, аз ман мебинад ва дарҳол ариза менависад.
Собиқ шавҳарам духтури тарбодшинос, номзади илмҳои тиб аст. Дар 5-ум корпуси беморхонаи маъруф ба Қарияи Боло ва чанд ҷои дигар кор мекунад. Рисолаи докторӣ ҳимоя карда истодааст. Ариза навиштааст, ки ба бемории қанд гирифтор шудаасту аз ҳисоби ман ба фоидаи ӯ 2210 сомонӣ пули доруву дармонаш рӯёнида шавад. Суди Фирдавсӣ ва суди шаҳрӣ бори аввал аризаро рад карданд, аммо Тӯраев Самариддин, судяи суди Фирдавсӣ бори дувум аз ҳисоби ман ба фоидаи шавҳарам 2210 сомонӣ зарари моддӣ рӯёнид. Ман пул наёфтам, ки бурда супорам. Омада, мошинаи ҷомашӯии маро, ки бародарам аз пули закоташ харида дода буд, бо нархи 1700 сомонӣ ба фурӯш гузоштанд ва гуфтанд, ки бояд 500 сомонии дигар супорам. Шаш сол мешавад, ки собиқ шавҳарам маро, хуни маро мемакад.
Хулоса, аз муҳтарам вазири тандурустии кишвар хоҳиш мекунам, ки кормандашонро назорат кунанд, то дар рӯзу соати корӣ дар ба дари суду прокуратура нагардад. Аз тамоми мақомотҳои болоии дахлдор низ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки нисбати собиқ шавҳарам Мирзоев Сӯҳробхон чора андешанд, ки ҷонам ба лаб расидааст. Собиқ шавҳарам духтур шуда, ба фарзандони худаш раҳм надорад, ба бегонагон аз куҷо раҳм мекунад? Ба ғайр аз маблағи алимент, як дирам ба бачаҳояш намедиҳад. Баръакс, дар давоми шаш соли аз ҳам ҷудо буданамон 6 маротиба аз ҳисоби ман ба фоидаи ӯ зарари моддию маънавӣ пардохт шуда, аз рӯйи ман зиёда аз 50 аризаи шикоятӣ навиштааст. То Суди олӣ рафтам, аммо касе ба додам нарасид. Аризаҳои собиқ шавҳарам қабул мешаванду аз ман не. Бори дигар хоҳиш мекунам, ки ин мавзӯъ баррасӣ ва хотима дода шавад.
Абророва Рухшона, сокини шаҳри Душанбе
Бознашр аз «Оила»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.