расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Пагоҳ ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои Душанбе маҳдуд мешавад

. / Ҷомеа

Пагоҳ ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои Душанбе маҳдуд мешавад

Президент ва раиси пойтахт як қатор иншоотро боз намуда, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе меояд.

Хиёбони Исмоили Сомонӣ
Сурат: Varandej - LiveJournal
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 29 сентябр ҳамроҳи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабарорӣ қарор додани як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар Душанбе иштирок н. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Нимаи аввали рӯз дар пойтахт бо иштироки президент ва раиси пойтахт дар мавзеи гардишгоҳи фурудгоҳ мавриди истифода қарор додани муассисаи таълимии томактабӣ дар назар аст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Соҳилӣ, назди мавзеи Мачмааи табъу нашри “Шарқи озод” маҷмааи нави зимистонаи солимиву варзишӣ, инчунин хонаи истиқоматии баландошёнаро барои оилаҳои афсарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба истифода медиҳанд.
Ғайр аз ин, субҳи барвақти пагоҳ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф оварда, роҳҳое, ки қатораи автомашинаҳои ӯ аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумат ба самти “Қасри миллат”, меҳмонхонаи “Хайят Реҷенси” мегузаранд, дар вақти муайян баста мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.