Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори фавтидагон афзуд
Теъдоди шифоёфтагон дар рӯзҳои истироҳат 89 нафар зиёд шуд.
Сурат: аз торнамои Vecherka.tjТо субҳи 28 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 646 нафар расид.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзҳои истироҳат 84 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо боз як ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 75 касро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон рӯзҳои истироҳати гузашта дар мамлакат 89 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 8 ҳазор 430 нафар (87,4%) расид.
Қобили зикр аст, ки дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав ва чанде аз кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Британияи Кабир, Фаронса, Испания ва дигар давлатҳо бинобар сабаби зиёдшавии ҳодисаҳои сироятёбӣ ба дубора роҳандозии чораҳои маҳдудкунӣ бармегарданд.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, то субҳи 28 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари дунё 32 млн 994 ҳазору 213 нафарро ташкил дода, 996 ҳазору 682 кас бар асари ин беморӣ фавтиданд.