ФИРОРИ БОЗ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ

Дар ҳафтаи ҷорӣ ин алакай сеюмин мавриди фирори маҳбусони тоҷик аз зиндонҳои Русия аст. Шаби 23 сентябр 6 маҳбус тавассути нақбе, ки дар давоми як сол канда буданд, аз маҳбаси низомаш сахти №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа фирор карданд. Ду нафар аз ин маҳбусони фирорӣаз Тоҷикистон будаанд. Шомил Бойматови 29-сола аз ноҳияи Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе дар ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда, як сол пеш барои адои ҷазо ба маҳбаси Шамхал оварда шуданд. Бойматов ба 12 соли зиндон ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Мақомоти Доғистон барои боздошти маҳбусони фирорӣ як миллион рубл ҷоиза муқаррар кардаанд.
Бино ба омори расмии мақомоти Русия, дар зиндонҳои он кишвар ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва беш аз 1200 зодаи дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳо қарор доранд. Тақрибан сеяки онҳо бо ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.