расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ОЗАРБОЙҶОН ПОЙТАХТИ ҚАРОБОҒРО БОМБАБОРОН КАРД. НИРӮҲОИ АРМАНӢ ДУ ЧАРХБОЛУ СЕ ДРОНИ ОЗАРБОЙҶОНРО СУҚУТ ДОДАНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ОЗАРБОЙҶОН ПОЙТАХТИ ҚАРОБОҒРО БОМБАБОРОН КАРД. НИРӮҲОИ АРМАНӢ ДУ ЧАРХБОЛУ СЕ ДРОНИ ОЗАРБОЙҶОНРО СУҚУТ ДОДАНД (ВИДЕО)

Шаби 27 сентябр нирӯҳои артиши Озарбойҷон ба мавқеъҳои нирӯҳои ҷудоиталабони арманӣ дар минтақаи баҳсии Қаробоғи кӯҳӣ ҳамла карданд. Вазорати мудофиаи Арманистон гуфт, нирӯҳои арманӣ дар посух ба бомбаборони минтақаҳои аҳолинишин, аз ҷумла Степанакерт, пойтахти Қаробоғ, ду чархбол ва се дрон (ҳавопаймои бесарнишин)-и артиши Озарбойҷонро суқут додаанд. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон гуфт, ба ҳамлаҳои ҷавобӣ омодагӣ мебинад. Минтақаи умдатан арманинишини Қаробоғи кӯҳӣ дар замони СССР ба қаламрави Озарбойҷон дохил мешуд. Дар натиҷаи ҷангҳои солҳои 1988-1994, ки беш аз 30 ҳазор кушта ба ҷо гузошт, ҷудоиталабони арманӣ Қаробоғи кӯҳӣ ва 7 ноҳияи бо он ҳаммарзи Озарбойҷонро ишғол ва эълони истиқлолият карданд. Соли 1994 бо миёнаравии Русия байни арманиҳову озариҳо оташбас эълон шуд, ки пайваста вайрон карда мешавад.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки Озарбойҷони ҳамсоя ба минтақаҳои аҳолинишини вилояти Қаробоғи кӯҳӣ ҳамла кардааст.
Вазорати мудофиаи Арманистон гуфт, нирӯҳои арманӣ дар посух ба бомбаборони минтақаҳои аҳолинишин, аз ҷумла Степанакерт, пойтахти Қаробоғ, ду чархбол ва се дрон (ҳавопаймои бесарнишин)-и артиши Озарбойҷонро суқут додаанд.
«Посухи мо посухи муносиб хоҳад буд ва масъулияти вазъи пешомада пурра бар дӯши роҳбарияти сиёсиву ҳарбии Озарбойҷон аст», - гуфта мешавад дар изҳороти вазорати мудофиаи Арманистон.
Вазорати мудофиаи Озарбойҷон эътироф кард, ки ба амалиёти низомӣ дар хатти ҷабҳаи байни нриӯҳои Озарбойҷону Арманистон оғоз кардааст.
«Дар ҳоли ҳозир артиши Озарбойҷон чораҳои ҷавобӣ андешида истодааст ва нирӯҳо мо вазъияти фавриро пурра зери назорат доранд», - гуфта мешавад дар изҳороти ин вазорат.

Дар моҳҳои охир танишҳо байни ин ду кишвари Қафқози ҷанубӣ афзоиш ёфтааст.
Моҳи июл дар натиҷаи чанд рӯзи задухӯрд байни нирӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон дар Қаробоғ 17 нафар, аксар сарбозон ва дастикам як сокини мулкӣ, кушта шуданд. Он муноқиша хунинтарин муноқиша дар Қаробоғ дар 4 соли охир буд.
Президенти Озарбойҷон баъди муноқишаи моҳи июл Маскавро айбдор кард, ки содироти аслиҳаро ба Арманистон афзоиш додааст. Маскав, ки дар Арманистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад, ин кишварро шарики стратегии худ дар Қафқози ҷанубӣ мешуморад.
Қаробоғи кӯҳӣ ва 7 ноҳияи бо он ҳаммарзи Озарбойҷонро ҷудоиталабони арманӣ дар ҷараёни ҷанги солҳои 1988-1994, ки беш аз 30 ҳазор кушта ба ҷо гузошта, садҳо ҳазори дигарро бехонумон кард, таҳти назорати худ дароварданд ва эълони истиқлол карданд.
Баъди мусолиҳаи нособите, ки соли 1994 бо миёнаравии Русия ба даст омад, Қаробоғи кӯҳӣ таҳти назорати ҷудоиталабони арманӣ боқӣ монд. Озарбойҷон мегӯяд, ки ин ҷудоиталабон аз ҷониби Арманистон маблағгузорӣ ва бо силоҳ таъмин мешаванд.
Истиқлолияти Қаробоғи кӯҳиро то кунун ягон кишвар, ба ҷуз аз Арманистон, эътироф накардааст.
Музокирот оид ба ҳалли ин муноқиша тавассути Гуруҳи Мински САҲА таҳти роҳбарии Амрико, Фаронса ва Русия дар тӯли беш аз ду даҳсола натиҷае наоварданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.