расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ГЕНЕРАЛ МАНСУРҶОН УМАРОВ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТААСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ГЕНЕРАЛ МАНСУРҶОН УМАРОВ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТААСТ

Генерал-лейтенант Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 27 сентябр, тасдиқ кард, ки ташхисҳо нишон додки ӯ гирифтори коронавирус будааст. Генерал Умаров гуфт, "дар хона ҳастам ва худро беҳтар ҳис мекунам. Андаки дигар қувватам барқарор шавадба иҷрои масъулиятам бармегардам”.
Мансурҷон Умаров дар аввали моҳи август ба беморхона афтод. Ибтидо мегуфтанд, ки ӯ гирифтори "илтиҳоби шуш” шудааст. Дар поёни моҳи август генерал Умаровро аз бемористон ҷавоб доданд, валерӯзи 5 сентябр ӯ дубора ва ин дафъа ба иллати хунрезии меъда дар шифохонаи "Истиқлол” бистарӣ шуд.
Гумон меравад, ки Мансурҷон Умаров дар аввали моҳи август дар тӯйи домодии писари дӯсташ полковник Хайриддин Тӯраев, сардори собиқи хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи шаҳри Душанбе, гирифтор шудааст. Дар пайи он тӯй Хайриддин Тӯраев, бародараш Ҷамолиддин ва домоди бародараш – корманди Додситонии кулл Зубайдулло Неъматов паи ҳам вафот карданд.
Моҳи май Носир Умаров, корманди ширкати "Барқи Тоҷик” ва бародари генерал Умаров низ аз олам чашм пӯшид. Нафарони огоҳ гуфта буданд, ки Носир Умаров қурбони коронавирус шудааст ва ба ин далел, маросими дафнаш бидуни ширкати одами зиёд ва таҳти тадбирҳои шадиди беҳдоштӣ доир шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.