расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ИЗДИВОҶИ СУРАЙЁ ҚОСИМОВА БО МАРДИ 32-СОЛА АҶАБ ЯК ШӮРЕ БА ПО КАРД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ИЗДИВОҶИ СУРАЙЁ ҚОСИМОВА БО МАРДИ 32-СОЛА АҶАБ ЯК ШӮРЕ БА ПО КАРД (ВИДЕО)

Рӯзи 24 сентябр Интернетро хабари издивоҷи овозхони шинохтаи тоҷик Сурайё Қосимова  бо як ҷавони 32-солаи аз ӯ 30 сол хурд ба шӯр овард. Ин хабар ибтидо дар саҳифаи Тамошоу дар Инстаграм нашр шуд ва сипас дар саҳифаҳои гуруҳҳои гуногуни Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сайр даромад.
Як нафари наздик ба Шабнами Сурайё, духтари Сурайё Қосимова ба "Спутник” гуфтааст, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд. Ӯ номи домодро ифшо накард ва танҳо гуфт, ки ҷавон аз доираи ҳунармандон нест ва тоҷир аст.
"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", -гуфтааст ҳамсуҳбати «Спутник».
Ин ҷавон шавҳари сеюми Сурайё Қосимова аст. Ӯ аз шавҳари аввалаш ду духтар – Ҳафизамоҳ ва Шабнамро дорад ва аз шавҳари дуюмаш – Хуршед Рабиев низ ду фарзанд дошт – Фарзонаи Хуршед ва писари ягонааш Эмомалиҷон, ки соли 2017 дар синни 16 вафот кард.. Хуршед Рабиев, ки дар ВКД кор мекард, соли 2013 аз олам чашм пӯшид.
Бархе овозхони шинохтаро маҳкум карданд ва бархе арӯсиашро табрик гуфта, ба ӯву ҷавони интихобкардааш орзуи хушбахтӣ карданд. Издивоҷи Сурайё Қосимова бо ин ҷавонро бо издивоҷи примадоннаи эстрадаи рус Алла Пугачёва бо Максим Галкин шабоҳат додаанд.
"Чаро ба Алла Пугачева мумкин аст, ба Юлдуз Усмонова мумкин аст, ба Сурайё Қосимова не?!" – навиштааст корбаре.

"Ишқи пирӣ чун биҷунбад...”, - навиштааст дар шарҳаш як корбари Фейсбук.
Адибаи Азиз навиштааст: "Воқеан Примадоннаи тоҷик издивоҷ кардаастБо ҷавони хунгармЧӣ хушхабар! Ба пои Сурайё пир шаваддомод!

                                                                    
                                                                    

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.