расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шикояти сокинон аз беобӣ дар як ноҳияи сероби Тоҷикистон. ВИДЕО

. / Ҷомеа

Шикояти сокинон аз беобӣ дар як ноҳияи сероби Тоҷикистон. ВИДЕО

Сокинони дастикам чаҳор маҳалла дар маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон шикоят доранд, ки солҳост ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва касе ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад. Мақомот мегӯянд, соли гузашта бо мадади соҳибкорону шахсони алоҳида хатти об кашиданд ва мушкил аз байн рафтааст.
Бибиҷамол Шовалиева дар як бинои баландошёна дар маркази ноҳияи Муъминобод зиндагӣ мекунад, вале обро аз ҳавлии сокинони атроф мекашонад.
"Мардуми мусалмони мо чизе намегӯянд ва аз ҳавлиашон об медиҳанд. Ин аз ночорӣ аст. Мо ҳам шарм медорем. Бояд худамон ба об дастрасӣ дошта бошем", -- гуфт ӯ рӯзи 22-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Айни чунин мушкилро Анварбӣ Баҳромова, сокини дигари Муъминобод ҳам доштааст. Вай гуфт, "як сол шуд, ки об надорем. Аз хонаи ҳамсоя об меорем."
Анварбӣ Баҳромова ҳамсояаш Саъдулло Одинаевро дар назар дорад, ки ба сабаби камбуди об сокинони маҳалла ҳар рӯз меҳмони хонааш мешаванд. Одинаев мегӯяд, "пештар одам кам буд ва дар баландии 20 метр як бушка гузошта будем, об ба ҳама мерасид. Ҳоло як ҳавз аст. Обро сар медиҳанд, дар ду соат тамом мешавад. Хонаи ман мисли як бозори гардон аст."
Соҳибкорон ба маҳалла як хатти об кашидаанд, вале бо сабаби ноҳамвор будани роҳ бештари вақт хушку беоб аст. Сокинон мегӯянд, борҳо ба мақомот барои дастрасӣ ба оби пок муроҷиат карданд, вале акси садое нашуниданд.
Тоҳир Амиршоҳзода, раиси ноҳияи Муъминобод, охири моҳи июли имсол дар як нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҳисоби соҳибкорон ва худи сокинон 86 нуқтаи обтаъминкунӣ дуруст карда, ба ихтиёри аҳолӣ додаанд ва афзуд, ки "ҳоло 275 хоҷагӣ бо об таъмин аст".
"Мо сокинони ҳамаи кӯчаҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин кардем. Дар ҳар ду-се хона як нуқта кардем. Мардум аз оби ошомиданӣ танқисӣ намекашанд", -- шарҳ дод ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Кай ноҳияи Мӯъминобод сероб мешавад? 
Аммо мардум гуфтаҳои раиси ноҳияро тасдиқ намекунанд. Анварбӣ Баҳромова гуфт, "ҳамроҳи раиси маҳалла маслиҳат кардем, ки ба назди раиси ноҳия меравем, то мушкилро бо ӯ дар миён гузорем. Мардум сарҷамъ нашуданд ва мо ҳам нарафтем. Аз он нигаронем, ки дар фасли замистон ҳоламон бадтар хоҳад шуд. Ҳамаҷо ях мебандад ва мо ба обкашонӣ машғул мешавем."
Муъминобод яке аз ноҳияҳои кӯҳӣ ва пур аз чашмаҳои табиист, вале мардум мегӯянд, ҳарчанд об дар кӯза аст, ба сабаби дуруст идора нашудани он ташналаб мегарданд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба эътирофи мақомоти масъул наздик ба 40 дар сади мардум ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ҳукумати Тоҷикистон чанд солро "Соли оби тоза" эълон намуд, ки ҳадафаш таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ буд, вале зоҳиран мушкил ҳалли худро наёфтааст.
Соли гузашта Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ҳарчӣ зудтар вазъи дастрасӣ ба оби покро барои сокинон беҳтар намояд. Вай ин гузоришро пас аз чаҳор соли сафар ба Тоҷикистон нашр кард.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бояд корҳои бештаре анҷом диҳад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар даҳ соли ахир сокинони даҳҳо деҳоти дурдаст бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд.


 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.