расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ИШҚ, БЕНЗИН ВА ЗАЖИГАЛКА: ЧАРО ШАҲЗОДА ДӮСТДОШТААШ НАВРӮЗРО ОТАШ ЗАД? (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ИШҚ, БЕНЗИН ВА ЗАЖИГАЛКА: ЧАРО ШАҲЗОДА ДӮСТДОШТААШ НАВРӮЗРО ОТАШ ЗАД? (ВИДЕО)

"Аз пушти мошин бакляжкаи бензинро бо зажигалка гирифту дар дастам дод. Ман шиштагӣ будам. Гуфт, чӣ хеле ки маъқулат аст, то дилат хунук шудан чӣ коре, ки мекунӣ, бикун! Хесту инҷо омаду рост истод ва ду дасташро ду тараф боз карда, гуфт: "Ина, пожалуйста! Чӣ коре, ки мекунӣ, бикун!” Ман бакляжка дар дастам, дар тори санг истодаму бакляжкаи бензинро аз тори сараш рехтам. "Бас аст фиреб, то кай фиреб мекунӣ?” - гуфтам. Ҳамин тавр мехостам гӯям, ки бас аст, ки яке зажигалкаро гирён кардам. Гирён кардан баробар алав давид ба сӯяш... Ман ҳеҷ фикр намекардам, ки бадани вай ин хел безеби бад сӯхтааст. Баъд дар роҳ гуфт, ки рост хонаатон рав, ба телефони ягон кас ҷавоб надеҳ. Маро надидаӣ ва намедонӣ...”
Муносибатҳои ошиқонаи як ҷавонзан бо ҷавони 25-сола дар шаҳри Ваҳдат ба хусумату бадбинӣ табдил ёфта, оқибат ин ҷавонзан дӯстдоштаашро бо бензин оташ зад.
Ин ҳодиса рӯзи 26 август, соати 12 дар соҳили дарёи Кофарниҳон, дар деҳаи Шаҳдбор рух додааст.
Шамсиева Шаҳзода Саидбобоевна, с.т. 1999, сокини кӯчаи Салимзодаи шаҳри Ваҳдат, дар заминаи рашку бадбинӣ шаҳрванд Раҷабов Наврӯз Тоирович, с.т. 1995, низ сокини шаҳри Ваҳдатро, ки қаблан бо ӯ муносибатҳои ошиқона дошт, дар соҳили дарёи Кофарниҳон ба сару рӯяш бензин чошида, сипас оташ задааст.
Худи Шаҳзода Шамсиева дар гузорише, ки шоми 23 сентябр дар барномаи "Ахбори ВКД” нашр шуд, ҳодисаро чунин нақл кард: "Аз пушти мошин бакляжкаи бензинро бо зажигалка гирифту дар дастам дод. Ман шиштагӣ будам. Гуфт, чӣ хеле ки маъқулат аст, то дилат хунук шудан чӣ коре, ки мекунӣ, бикун! Хесту инҷо омаду рост истод ва ду дасташро ду тараф боз карда, гуфт: "Ина, пожалуйста! Чӣ коре, ки мекунӣ, бикун!” Ман бакляжка дар дастам, дар тори санг истодаму бакляжкаи бензинро аз тори сараш рехтам. "Бас аст фиреб, то кай фиреб мекунӣ?” - гуфтам. Ҳамин тавр мехостам гӯям, ки бас аст, ки яке зажигалкаро гирён кардам. Гирён кардан баробар алав давид ба сӯяш...”
Дар натиҷа, ҷавони дӯстдоштаи Шаҳзодаро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд. Тибқи натиҷаҳои ташхиси тиббию судӣ, ба Наврӯз Раҷабов осеби вазнин ба саломатӣ, ки ба ҳаёта хатарнок аст, расонда шудааст.
ВКД мегӯяд, бо ин вуҷуд ҷабрдида содиркунандаи ин ҷиноятро пинҳон медошт, вале ба кормандони раёсати кофтукови ҷиноии ВКД муяссар шудааст, ки омили ин кирдорро муайян ва дастгир кунанд.
Шаҳзода Шамсиева мегӯяд: "Ӯ худро дар дарё андохт ва вақте баромаду маро ба ҳуш овард, ман дидам, ки дастонаш тар аст. Вале ман ҳеҷ фикр намекардам, ки бадани вай ин хел безеби бад сӯхтааст. Баъд дар роҳ гуфт, ки рост хонаатон рав, ба телефони ягон кас ҷавоб надеҳ. Маро надидаӣ ва намедонӣ...”
Шаҳзода мегӯяд, Наврӯз ба ҳаёти оилавии ӯ мудохила карда, сабабгори вайрон шудани оилааш шудааст. Маҳз ҳамин сабаб шудааст, ки ӯ даст ба чунин амал нисбат ба Наврӯз занад.
Ҳоло нисбат ба Шаҳзода Шамсиева бар асоси моддаи 110-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун муҷозот аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
ВИДЕОРО АЗ ДАҚИҚАИ 8-УМ ТАМОШО КУНЕД:





Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.