расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҲАМЛАИ ЯК ГУРУҲИ НИҚОБПӮШ БА ХОНАИ ЁҚУБ САЛИМОВ ДАР ДУШАНБЕ

Ҷомеа / Ҳаводис

ҲАМЛАИ ЯК ГУРУҲИ НИҚОБПӮШ БА ХОНАИ ЁҚУБ САЛИМОВ ДАР ДУШАНБЕ

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи "Ахбор”, хонаи Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон дар маҳаллаи "Водонасос”-и шаҳри Душанбе таҳти ҳамла қарор гирифтааст. Яке аз хешовандони Ёқуб Салимов дар суҳбат бо "Ахбор” нақл кард, ки соати сеи шаби 18 август як гуруҳи одамони ношинос, ки дар тан либоси сиёҳ ва дар рӯ ниқоби сиёҳ доштанд, тахминан 12-13 нафар, бо ду микроавтобуси рангаш ва шишаҳояш сиёҳи берақам вориди хонаи Ёқуб Салимов шуда, шишаҳои мошини "Рейнҷ Ровер”-и ӯро шикастаанд.
Ҳамлагарон ҳамчунин писари Ёқуб Салимов – Абубакрро, ки садои доду фарёдро шунида, ба ҳавлӣ баромад, шадидан латтукӯб кардаанд. Ҳамсуҳбати "Ахбор” гуфт, ҳамлагарон, ки ба ҷуз аз чашмон дигар рӯяшон пурра пӯшонида шуда буд, бо битаҳо ва электрошокерҳо мусаллаҳ будаанд.
Ёқуб Салимов билофосила ба ВКД хабар додааст ва то берун баромадааст, ки ҳамлагарон фирор кардаанд. Ҳангоми фирор онҳо бо як лаҳни пур аз дашном ба тарафи Ёқуб Салимов фарёд кашидаанд, ки "Хоини Ватан! Ту ҳоло боз нақшаи табаддулот дорӣ?”
Абубакрро баъди он ҳамла ба бемористон бурдаанд ва баъди анҷоми ташхисҳои тиббӣ ҷавоб додаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати "Ахбор”, бо гузашти беш аз як моҳ мақомот то ҳол натавонистаанд ҳамлагарон ба манзили вазири собиқи корҳои дохилиро муайян ва дастгир кунанд.
Манбаи "Ахбор” гуфт, Ёқуб Салимов ва аъзои хонаводааш баъди он ҳодиса аз эҳтиёт кор мегиранд ва бидуни зарурат аз хона намебароянд.
Ёқуб Салимов 20 майи соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва сипас шуъбаи шабонаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ёқуб Салимов дар поёни соли 1992, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоби Хуҷанд, дар пайи ба мақоми раиси Шӯрои олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, ба намояндагӣ аз фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 1995, Ёқуб Салимовро аз вазирӣ озод карда, ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркия фиристоданд. Ӯ соли 1996 аз Туркия баргашт ва ба мақоми сардори Кумитаи гумруки Тоҷикистон нишаст
Моҳи апрели соли 1997 Ёқуб Салимов, ки президент Эмомалӣ Раҳмоновро дар сафараш ба шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ мекард, дар натиҷаи сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони президент дар баробари Раҳмонов ҷароҳат бардошт. Моҳи августи ҳамон сол, ҳамагӣ моҳе баъд аз имзои созишномаи сул бо мухолифин, дар пайи боз як ошӯби мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев болои манзили Ёқуб Салимов дар шаҳри Душанбе низ ҳамла сурат гирифт ва ӯ тарки Тоҷикистон кард.
Ёқуб Салимов дар хориҷ ҳизби ҷумҳурихоҳони Тоҷикистонро ташкил дод ва китобе бо номи "Азиатский синдром” низ чоп кард. 21 июни соли 2003 Ёқуб Салимовро дар шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва 24 феврали соли 2004 ба Тоҷикистон истирдод карданд.
25 апрели соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро бо ҷурмҳои сангине, чун хиёнат ба Ватан, кӯшиши ғасби ҳукумат, роҳзанӣ ва сӯиистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Бо ҳукми додгоҳ, Ёқубро аз ордену мукофотҳои давлатӣ ва ҳамчунин аз унвони генералӣ низ маҳрум карданд. Ёқуб Салимов 21 июни соли 2016 аз зиндон озод шуд ва ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад. Ёқуб Салимов баъди раҳоияш аз маҳбас дигарбора издивоҷ кард ва аз ҳамсари наваш алакай се фарзанд дорад. Ӯ аз ҳамсари аввалаш низ се фарзанд дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.