расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Русия дору алайҳи коронавирус ба дорухонаҳо роҳ ёфт: нархи он беш аз 12 ҳазор рубл

Ҷомеа / Ҷаҳон

Дар Русия дору алайҳи коронавирус ба дорухонаҳо роҳ ёфт: нархи он беш аз 12 ҳазор рубл

"Арепливир" дору алайҳи маризии коронавирус аз рӯзи душанбе ба дорухонаҳои Русия роҳ ёфт. Арзиши ин дору 12 320 рубли русӣ ташкил медиҳад
Дар Русия нахустин дору алайҳи маризии коронавирус, ки "Алепривир" ном дорад ба дорухонаҳо роҳ ёфт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумоти Ташкилоти истинодии "Столичка".
Бар хабари манбаъ, доруи мазкур танҳо бо дорухати пизишкон дода мешавад. Арзиши як қутти доруи "Алепривир" 12 320 рубли русиро ташкил медиҳад.
"Арепливир" дар заминаи доруи "Фавипиравир" сохта шудааст. Мутахассисони "Промомед" дар заминаи корхонаи "Биохимик" -и Саранск технологияи истеҳсоли пурраи худро таҳия карданд.
Қобили зикр аст, ки доруи "Арепливир" ҳанӯз моҳи июн аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия иҷозати истифода гирифта буд, аммо он то ба имрӯз танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо истифода мешуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.