расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКРО ДАР ГУРҶИСТОН ГАРАВГОН ГИРИФТААНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКРО ДАР ГУРҶИСТОН ГАРАВГОН ГИРИФТААНД (ВИДЕО)

Пулиси Гурҷистон хабар дод, ки 4 ҷавони аз 20 то 26-сола бо иттиҳоми гаравгонгирӣ ва тамаъҷӯӣ хабар дод ва гуфт, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро гаравгон гирифтаанд. Ба ин 4 нафар бар асоси қонунҳои Гурҷистон аз 7 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Пулиси Гурҷистон гуфт, ҳангоми кофтукоиб мошини LEXUSGX, ки яке аз боздоштшудаҳо меронд, 2 силоҳиCZ, тир, 2 пистолети газӣ, корд, 3 бита ва 68 ҳазору 900 доллар пайдо кардаанд. «Радиои ҷамъиятии Панкиси» хабар дод, ки боздоштшудаҳо зодагони дараи Панкиси мебошанд. Дар ин дара асосан чеченҳо зиндагӣ мекунанд. Вахтанг Пареулидзе, бародари яке аз боздоштшудаҳо гуфт, ин 4 нафар бо хоҳиши сокинони Чеченистону Тоҷикистон, ки он соҳибкорони тоҷик фиребашон додаанд, амал мекарданд. «Инҳо соҳибкор не, қаллобанд. Барои мошин пул мегирифтанд, вале ягон хел мошин намефиристоданд. Аз мо хоҳиш карданд, ки бо онҳо вохӯрем ва фаҳмонем, ки ё пулҳоро баргардонанд ё мошинҳои ваъдагиашонро бифиристанд. Ягон хел одамрабоӣ набуд, онҳо худашон ба мошини ин 4 нафар нишастанд»,- изҳор доштааст Пареулидзе дар суҳбат бо журналистон.
Маркази матбуоти ВКД Гурҷистон рӯзи 21 сентябр хабар дод, ки кормандони пулиси шаҳри Тифлис, пойтахти ин кишвар 4 нафар - Б.Ф., с.т. 1994, З.А., с.т. 1998, З.Б., с.т. 2000, ва И.Д., с.т. 1994-ро дастгир кардаанд. Ҳамаи онҳоро бо қарори додрас алакай ба ҳабс гирифтаанд. Ин 4 нафар ба боздошти худсарона, тамаъҷӯӣ ва маҷбуркунӣ айбдор мешаванд ва ба онҳо аз 7 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
«Дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки айбдоршавандаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои пешбурди тиҷораташон дар Гурҷистон мамониат карда, нисбат ба онҳо бо ҳадафи тамаъҷӯб аз зӯроварии ҷисмонӣ кор гирифтаанд. Ҳангоми кофтукоби мошини тамғаиLEXUSGX, ки И.Д., яке аз боздоштшудаҳо идора мекард, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду ада силоҳи оташфишони тамғаи CZ, тирҳо, 2 пистолети газӣ, корд, 3 битаи бейсбол ва 68 900 доллар пайдо кардаанд», - хабар медиҳад пулиси Гурҷистон.
Нисбат ба боздоштшудаҳо бар асоси моддаи 143, қисми 3, моддаи 181, қисми 2 ва моддаи 150, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Гурҷистон тафтиш бурда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, «Радиои ҷамъиятии Панкиси» хабар дод, ки боздоштшудаҳо зодагони дараи Панкиси мебошанд. Дар ин дараи Гурҷистон асосан чеченҳо зиндагӣ мекунанд.
Вахтанг Пареулидзе, бародари яке аз боздоштшудаҳо ба журналистон гуфт, ин 4 нафар бо хоҳиши сокинони Чеченистону Тоҷикистон, ки он соҳибкорони тоҷик фиребашон додаанд, амал мекарданд ва инҷо ягон навъ одамрабоӣ набуд.
«Инҳо соҳибкор не, қаллобанд. Барои мошин пул мегирифтанд, вале ягон хел мошин намефиристоданд. Аз мо хоҳиш карданд, ки бо онҳо вохӯрем ва фаҳмонем, ки ё пулҳоро баргардонанд ё мошинҳои ваъдагиашонро бифиристанд. Ягон хел одамрабоӣ набуд, онҳо худашон ба мошини ин 4 нафар нишастанд»,- нақли қавл кардааст хабаргузории «Регнум» аз суҳбати Пареулидзе бо журналистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.