ЗАНОЗАНӢ ВА ТИРПАРРОНИИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН ДАР ЯК ТӮЙ ДАР МАСКАВ
Шоми 20 сентябр як тӯй дар яке аз қаҳвахонаҳои воқеъ дар гузаргоҳи Востряковский дар минтақаи Западное Бирюлево дар шаҳри Маскав бо занозанӣ ва тирпарронӣ байни зодагони Тоҷикистон ва Озарбойҷон анҷом ёфтааст. Дар ин бораи сомонаи 5-tv.ru хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, кормандони пулис дар ҷои ҳодиса муайян кардаанд, ки як гуруҳи зодагони Тоҷикистон дар тӯй шароб нӯшида, иштибоҳан ба як қаҳвахонаи ҳамсоя даромадаанд ва дар онҷо бо як гуруҳи зодагони Озарбойҷон муноқиша кардаанд. Ҳарду гуруҳ сипас муноқишаи худро дар кӯча давом додаанд.«Меҳмонони дигари тӯй муноқишаро дар кӯча дида, ба кумак шитофтанд. Як нафар аз гуруҳи муқобил ҷамъ шудани ҳомиёни гуруҳи муқобилро дида, чанд дафъа аз пистолети травматикӣ ба ҳаво тир холӣ кардааст. Касе осеб надидааст», - хабар медиҳад 5-tv.ru.
Бино ба маълумоти нашрия, кормандони пулис аз ҳар ду тараф 8 иштирокчии занозаниро боздошт кард, вале онҳо аз додани баёнот ба зидди якдигар даст кашидаанд. Соҳиби силоҳ низ гуфтааст, ки пистолеташро ҳангоми занозанӣ гум кардааст
Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.