расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МУОВИНИ САРВАЗИРИ ӮЗБЕКИСТОН УКТАМ БАРНОЕВ ДАР ОЛМОН АЗ КОРОНАВИРУС ҶОН БОХТ

Ҷомеа / Ҷаҳон

МУОВИНИ САРВАЗИРИ ӮЗБЕКИСТОН УКТАМ БАРНОЕВ ДАР ОЛМОН АЗ КОРОНАВИРУС ҶОН БОХТ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масоили кишоварзӣ ва хӯрокворӣ Уктам Барноев рӯзи 20 сентябр дар Олмон аз коронавирус вафот кардааст. Бино ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, Уктам Барноев ибтидо дар Тошканд табобат мегирифт ва як ҳафта қабл дар пайи дучори инсулт шуданаш ӯро барои ҷарроҳии мағзи сар ба Олмон интиқол додаанд. Хабари ба коронавирус гирифтор шудани Барноев рӯзи 30 июл дар расонаҳо нашр шуда буд. Уктам Барноев 56 сол дошт ва зодаи ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро буд. Бино ба иттилои радиои Озодлик, ҳоло дар Ромитан ба маросими дафни Барноев омодагӣ мегиранд ва интизор меравад, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ дар ин маросим иштирок кунад.
Уктам Мирзоев дар ин авохир алакай сеюмин мансабдори баландпояи Ӯзбекистон аст, ки қурбони коронавирус мешавад. Рӯзи 31 июл раиси парлумони ҷумзурии мухтори Қароқалпоқистон Мӯсо Ерниёзов дар синни 72 аз коронавирус ҷон дод. Рӯзи 22 август коронавирус сабаби марги ҳокими вилояти Бухоро Карим Камолов дар синни 66 шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.