расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАҲШАТ: АРӮСИ 6-СОЛА БО МАРДИ 50-СОЛА

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАҲШАТ: АРӮСИ 6-СОЛА БО МАРДИ 50-СОЛА

Мулло Саидмуҳаммад Карим ном марди 50-солаи афғон, ки зодаи вилояти Ғури Афғонистон будааст, баъди содир намудани ҷиноят ҳамроҳи арӯси шашсолааш ба Русия фирор кардааст. Ба иттилои мақомотҳои тафтишотии Русия ин мард дар моҳи шарифи Рамазон дар ҳузури 30-40 нафар духтарчаи шашсолаеро ба никоҳи худ дароварда, ҳаёти ин кӯдаки ноболиғро сӯзондааст. Дар баёноташ ба полис домоди солхӯрда чунин нигоштааст: “Духтарро ба ман ҳадя карданд ва мо никоҳ кардем, то ман ӯро бузург карда тавонам. Вақте волидонаш духтарро ба ман доданд, гуфтанд, ҳар ҷо, ки мехоҳӣ, бубар. Ман духтарро барои нигоҳубин ба бародарзодаам додам, вале ӯро баъди як ҳафта баргардонд. Мо дар ҳузури 30-40 нафар дар моҳи Рамазон никоҳ кардем.” Иддаои Саидмуҳаммад Карим дар мавриди он ки издивоҷи ӯ бо кӯдаки шашсола бо хости волидони духтарча сурат гирифтааст ва бино бар ин, вай худро дар назди қонун ҷавобгар намеҳисобад, дар матбуоти Русия мисли таркиши бомбаи атомӣ ғулғула афканд. Волидони Ғарибгул, ки аз вилояти Ҳирот мебошанд, ин иддаои домоди пирашонро рад намуда, ба полис гуфтаанд, ки духтари шашсолаи онҳо рабуда шуда буд ва зӯран ба никоҳи ин мард дароварда шудааст. Фаъолони маданӣ ва масъулини умури зан дар вилояти Ғур мегӯянд, ин қазияро бо нирӯи худ таҳқиқ менамоянд, зеро ба гумони онҳо, никоҳи як марди солхӯрда бо духтари хурдсол наметавонист бидуни иҷозати волидони духтарак сурат бигирад. Аз рӯйи иттилои фаъолон, падари духтар Абдулқодир ба никоҳи духтараш бо муллое аз Ғур розигӣ дода, бар ивазаш гӯсфанд ва биринҷу чою ширинӣ гирифтааст. Маъсума Анварӣ, масъули ҳуқуқи занон дар вилояти Ғур мегӯяд, ки ҳодисаи никоҳи пирамард бо як духтари хурдсол хашми занон ва фаъолони ҳуқуқи башари маҳаллиро барангехт. Занҳо аз полис тақозо кардаанд, ки ин ҳодисаро то охир ва мӯшикофона таҳқиқ карда, ҳамаи гунаҳгорони қазия – ҳам домод ва ҳам падари духтарро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Фаъолон ба бегуноҳии волидони духтарак бовар надоранд ва мегӯянд ин ҳодисаи моҳи июн огоҳона сурат гирифта, бар ивази подош мард духтарро ба ин пиракӣ фурӯхтааст. Хонум Анварӣ гуфтааст, аз ваҷоҳати духтарак бармеояд, ки аз саргузаштҳои ба сараш омада хеле ҳаросон шудааст ва вақте чеҳраи марди пирро мебинад, ваҳшатзада ва тарсон мешавад, аммо Нӯшофарин Шаҳоб, духтури яке аз бемористонҳои Ғур, ки баъди раҳоӣ аз хонаи шавҳари пираш Ғарибгулро муоина намудааст, ҳолати равонию ҷисмонии духтарчаро муътадил арзёбӣ намуда мегӯяд: “Муоина ҳеҷ мушкили ҷисмонӣ ва ё равониро дар ин тифл собит накард ва мо, табибон умедворем, ки ба зудӣ ин кӯдак ба ҳолати одӣ бар мегардад” Полис ин марди афғонро аз рӯйи моддаҳои “кӯдакрабоӣ” ва “издивоҷи ғайриқонунӣ” муттаҳам кардааст. “Дар Афғонистон духтарон аз 16 солагӣ ҳаққи издивоҷ доранд, аммо маҷбуран ба шавҳар додани духтарони ноболиғ зиёд ба чашм мехӯрад”, - мегӯяд матбуоти Русия. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.