расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РАИСИ ҶАМЪИЯТИ ҶАРРОҲОНИ ТОҶИКИСТОН ПРОФЕССОР ТОШПӮЛОД ГУЛМУРОДОВ ДАР МАСКАВ АЗ ДУНЁ ГУЗАШТ

Ҷомеа / Ҳаводис

РАИСИ ҶАМЪИЯТИ ҶАРРОҲОНИ ТОҶИКИСТОН ПРОФЕССОР ТОШПӮЛОД ГУЛМУРОДОВ ДАР МАСКАВ АЗ ДУНЁ ГУЗАШТ

Тошпӯлод Гулмуродов, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳо ва раҳбари собиқи Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва сандуқи сина, рӯзи 13 сентябр дар шаҳри Маскав дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги профессор Гулмуродов чизе гуфта намешавад, вале дар як ҳафтаи охир ӯ алакай дастикам панҷумин табиб аст, ки тарки дунё мекунанд. Чор табиби дигар дар Хуҷанд қурбони коронавирус шуда буд.
Тошпӯлод Гулмуродов муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография, 1 дастурамали таълимӣ, 4 кашфиёт буда, таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 22 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Профессор Гулмуродов раиси Ҷамъияти ҷарроҳони Тоҷикистон ва раиси Ассотсиатсияи ҷарроҳони дилу рагҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.

Хамза Сиддик
Инна лиллоҳ ва инна илайҳи роҷиъун.
Даргузашти устоди фарҳехта, муаллими ҳазорон ҳазор табибу ҷарроҳ, шоҳсутуни ҷарроҳии кишвар, ҷарроҳи чирадаст, инсони комил ва хоксор Гулмуродов Тошпулод Гулмуродович-ро ба тамоми ҷомеаи табибон ва мардуми шарифи Тоҷикистон таслият мегӯем.
Раҳмату мағфирати Илоҳӣ бар устоди гиромӣ бод. Ному ёди некаш абадӣ.
Баъд аз вафот турбати мо бар замин маҷуй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост!

офиз Юлдошев


Пришла еще одна печальная новость((
В Москве скончался один из титанов нашей медицины, зав.кафедрой сердечно- сосудистой хирургии последипломного института, член-корр. АМНРТ, д.м.н., профессор Гульмурадов Тошпулод Гулмурадович. Худованд рахмату магфират кунад устоди бузургро. Сабри чамил ба фарзандон, ахли хонаводаашон
<blockquote class="embedly-card"><h4><a href="https://www.facebook.com/groups/536068303427976/permalink/1204896223211844/">Facebook Groupsa>h4><p>Врачи Таджикистана has 63,211 members. Группа Врачи Таджикистана - это группа, где граждане всего Таджикистана, могут задавать интересующие их вопросы связанные с их здоровьем! Врачи Таджикистана,...

ГУЛМУРОДОВ Тошпулод

ГУЛМУРОДОВ Тошпулод (тав. 03. 01. 1953, дехаи Чаврати нох. Турсунзода), чаррохи тахассуси дарачаи оли, доктори илми тиб (1989), проф. (1990), узви вобастаи АИ ЧТ (1997), Аълочии тандурустии Точикистон, дорандаи Чоизаи давлатии ба номи Абуали ибни Сино (2003). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ (1974). Ординатори клиникии Ин-ти чаррохии дилу рагхои ба номи А.Н. Бакулеви АИТ ИЧШС (1974 – 76), чаррохи Маркази чумхуриявии рагхои Беморхонаи клиникии шахрии №5 (1976 – 80), ассистенти кафедраи чаррохии госпиталии ДДТТ (1980 – 86), докторанти Ин-ти чаррохии ба номи А.В. Вишневскийи АИТ ИЧШС (1986 – 89), дотсент (1989 – 90) ва проф. кафедраи беморихои чаррохиталаб (1990 – 92), мудири кафедраи чаррохии факултавии ДДТТ (1992 – 2003). Аз с. 2003 директори Маркази чумхуриявии илмии чаррохии дилу рагхо ва сандуки сина.
Оид ба масъалахои гардиши хун дар майна, хамчунин гардиши хуни маркази ва канори дар ашхоси гирифтори садама ва беморихои шохраг ва шохахои он тадкикот бурдааст. Аввалин маротиба дар Точикистон дар рагхои бо хун таъминсозандаи майна ва аневризмахои аортаи сандуки сина амалиёти чаррохи гузаронидааст. Асосгузор ва таргиботчии чаррохии эндоскопи дар Точикистон. Дар мавзуи «Реваскуляризатсияи андомхои поён тавассути артерияхои амики рон» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Ташхис ва чаррохии иллатхои тавъами чаббидашавандаи аортаи шикам ва артерияхои брахиосефали» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илми, аз чумла 7 монография, 1 дастурамали таълими, 4 кашфиёт. Тахти рохбарии у 2 наф. рисолаи доктори, 22 наф. рисолаи номзади дифоъ намудаанд. Раиси Чамъияти чаррохони Точикистон, раиси Ассотсиатсияи чаррохони дилу рагхои мамлакатхои Осиёи Маркази.
Ос.: Хирургия травм сосудов и их осложнений, Д., 1991; Диагностика и хирургическое лечение сочетанных оклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий, Д., 1993; Газаки шадиди талхадон ва аворизи он, Д., 1995; Осложненный холецистит, Д., 1996; Огнестрельные ранения ободочной кишки, Д., 2000; Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2003; Заболевания сердца и сосудов, Д., 2005.

Манбаъ: http://komron.info/crp/GULMURODOV-Tospulod_crp/

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.