расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Истифодаи технологияи муосир дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

. / Ҷомеа

Истифодаи технологияи муосир дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Дар ин маърака аз се усули гирифтани маълумот истифода мешавад.

Сурат: аз торнамои sevastopolfm.ru
Дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон имсол аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад.
Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 1 то 15 октябри соли равон гузаронида мешавад.
“Яъне зимни гаштан хона ба хона барӯйхатгирандагон дар баробари истифодаи шакли коғазӣ, паланшетҳоро бо таъминоти махсуси барномавӣ низ истифода хоҳанд кард. Ҳамчунин гирифтани маълумоти зарурӣ тариқи интернет дар назар аст”, - хабар медиҳад Агентӣ.
Агентӣ аз вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо дархост намудааст, ки  ҷиҳати баруйхатгирӣ тавассути Интернет гузаштани кормандон мусоидат намоянд.
“Дар ҳар як вазорату идора ҳуҷраи махсус – терминал бо дастрасӣ ба Интернет таъсис додан лозим аст. Дар ин ҷода кормандони мақомоти омори давлатӣ омода ҳастанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар вазорату идораҳо ба роҳ монанд”, - омадааст дар хабар.

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон бори охир соли 2010 доир гардид. То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар бештар аст.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9 млн 452 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.
Дар назар аст, ки  аввали соли оянда шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ ба 9 млн 688 ҳазор нафар мерасад. Афзоиши шумори аҳолӣ 2,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.