расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ ДУХТАРИ 11-СОЛА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ ДУХТАРИ 11-СОЛА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҷинояти мудҳиш хабар дод.
ВКД гуфт, Раҷабов Зафар Сафарович, соли таваллудаш 1983, зодаи шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 25 август ба як духтарчаи 11-сола, ки ба гадоӣ машғул буд, пул дода, ба боварии ӯ даромадааст ва духтарчаи хурдсолро ба паси истоҳи деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ бурда, дар он ҷо бо зӯрӣ ба номусаш таҷовуз кардааст. Раҷабов сипас барои рӯйпӯш кардани изи ҷинояташ духтарчаро ба қатл расонда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Дар бораи бедарак шудани ин духтарчаи зодаи ноҳияи Дӯстӣ, ки дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебурд, модараш ба мақомоти милисаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст. Дар пайи ҷустуҷӯ ҷасади кӯдакро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар паси истгоҳи деҳаи Шаҳристон пайдо карда ва баъди чанде гумонбаршавандаро ҳам дастгир кардаанд. Ба зидди ӯ бар асоси моддаҳои 104 (куштор) ва 138 (таҷовуз ба номуси ноболиғ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба Раҷабов барои ин аъмол аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.
Вақтҳои охир дар бораи таҷовуз ба номуси духтарони хурдсол аз Тоҷикистон гузоришҳо зиёд ба даст мерасанд.
Моҳи июл додгоҳи шаҳри Душанбе Юсуф Зиёевро бо ҷурми расидан ба номуси як духтари сесола ба ҳабси абад маҳкум кард. Аммо моҳи август додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур нафари гунаҳкор дар таҷовуз ба номуси як духтари 14-соларо ҳамагӣ се сол ҳукми зиндон дод, ки мавҷи норозигиҳоро ба бор овард. Бисёриҳо гуфтанд, ки додрас ба эҳтимоли ғолиб барои чунин ҳукми сабук пули хуб гирифтааст.
Ҳамин тавр, хешовандони як кӯдаки сесола аз Турсунзода иддао доранд, ки ин кӯдакро амакаш таҷовуз кардааст. Дар пайи мавҷи интиқодҳо дар матбуот ва Интернет додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр аз боздошти амак ва аммаи духтарча хабар дод.
Рӯзи 11 сентябр дар як ҷаласа дар ҳузури раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ додситони кул Юсуф Раҳмон дар бораи ҷиноятҳои дар давраи солҳои 2017-2019 ва 8 моҳи соли 2020 содиршуда оид ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҳисобот дод.
Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян намуда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд. "Зеро содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан, нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешаванд, номи неки миллат ва ҷомеаи моро доғдор месозанд ва ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонанд”, - гуфт раиси Маҷлиси миллӣ.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба роҳбарону шахсони масъул дастур дод, ки бо мақсади минбаъд пешгирӣ намудани чунин кирдорҳои нангин меъёрҳои қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа такмил дода шаванд ва муҷозоти онҳое, ки даст ба чунин ҷиноятҳо мезананд, пурзӯр карда шавад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.