расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Беҳтарин кӯча, оила ва маҳаллаи Душанбе муайян карда шуд

. / Ҷомеа

Беҳтарин кӯча, оила ва маҳаллаи Душанбе муайян карда шуд

“Ба кӯчаи беҳтарин”, “Оилаи беҳтарин” ва “Маҳаллаи беҳтарин” мукофотпулӣ тақдим гардид.

Сурат: dushanbe.tj
Озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»-и пойтахт бо қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад.
Комиссия озмун, ки ба ҳайати он намояндагони шаҳрдорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, вакилони маҷлиси шаҳр шомил буданд, натиҷаи озмунҳоро ҷамъбаст карда, ғолибонро эълон карданд.

Мувофиқи шартҳои озмун, комиссия ободии кӯча, риояи қонуниятдар ҷойгиршавии зерсохтор дар онҳо, иштироки сокинони он дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳоро омӯхт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдорӣ.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар номинатсияи “Оилаи беҳтарин” оилаи Зарргул Қурбонова (кӯчаи Қурбон Раҳимови ноҳияи Сино) ғолиб дониста шуда, оилаи Фирӯза Ҳиматова (кӯчаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансур) зинаи дуюм ва оилаи Абдуғаффор Ғаниев (кӯчаи Сайидои Насафии ноҳияи Фирдасӣ) - ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар номинатсияи "Маҳаллаи беҳтарин" ҷойи аввал ба маҳаллаи "Шоҳмансур-1"-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи  "Чортут"-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муносиб дониста шуд.



1/6
Дар номинатсияи "Кӯчаи беҳтарин" ҷойи аввал ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ  сазовор дониста шуд.
Ба ғолибони озмун дар ҳар кадоме аз бахшҳо ифтихорнома ва ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд. Дар озмуни “Оилаи беҳтарин барои ҷойҳои 2 ва 3-юм 6 ва 4 ҳазор сомонӣ ва зинаҳои дуюму сеюм дар дигар номинатсияҳо ба ҳар кадоме мутаносибан бо 4 ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.