расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДССХ 200 000 сомониро ба кормандонаш дод

. / Ҷомеа

ДССХ 200 000 сомониро ба кормандонаш дод


Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар як устоду кормандаш ҳамчун мукофотпулӣ тақдим кард.

Ин ташаббуси ректори донишкада Убайдулло Асрорзода бахшида ба  29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт ва мукофоти пулӣ  8-уми сентябр ба ҳайати омӯзгорон ва кормандон супорида шуд.  Дар ин бора ба Pressa.tj аз донишкадаи мазкур хабар дода, иброз доштанд, ки дар ин рӯз ҳамчунин, собиқадорони ин муассаи олӣ бо Ифтихорнома ва мукофоти  молӣ қадрдонӣ гардиданд. Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло наздики 400 нафар дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият доранд.

Ҳоло раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ба ҳар муаллиме, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад, 10 ҳазор сомонӣ ва ҳар номзаде, ки рисолаи докториашро ҳимоя мекунад, 20 ҳазор сомонӣ диҳад. Ҳадаф аз ин ҷалби устодон ба корҳои илмӣ-амалӣ ва бештар намудани сафи унвондорон аст.  Инчунин, ректори донишкада Убайдулло Асрорзода талош дорад, ки  ояндаи назди  факултети муштараки сайёҳии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россияро таъсис диҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.