расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Даргузашти модари муҳофизи шахсии президенти Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Даргузашти модари муҳофизи шахсии президенти Тоҷикистон

Модари Мурод Саидов 97-сола буд.


Мурод Саидов
Модари Мурод Саидов, сардори хадамоти муҳофизони президенти Тоҷикистон имрӯз дар синни 97-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи марҳум дар ноҳияи Восеъ баргузор шуд. Ӯ дар ҳамин ноҳия зиндагӣ мекард.
Дар саҳифаҳои Facebook ба Дилшод Саидзода, набераи ӯ ва писари Мурод Саидов изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Дилшод Саидзода вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошад.
Мурод Саидов яке аз ҳамсафони содиқтарини президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуморида мешавад. Аз охири соли 1992 ӯ муҳофизи шахсии президенти ҷумҳурӣ мебошад.
Моҳи август чанде аз ВАО хабар доданд, ки Мурод Саидов ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуда, лекин ҳоло шифо ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.