расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Собиқ бинои Кохи президент қариб пурра тахриб шуд

. / Ҷомеа

Собиқ бинои Кохи президент қариб пурра тахриб шуд

Кохи президент дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus
Дар шаҳри Душанбе корҳои тахриби собиқ бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон, ки аз соли 1992 Кохи президент дониста мешуд, идома доранд.
Қисмати рост ва асосии бино, ки дар маркази маҷмаа ҷойгир буд, аллакай тахриб шуда, дар ин ҷо сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.
Аксбардори мо Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо ҷараёни корҳо, аз ҷумла кори техникаи махсус дар ин ҷо шинос шуд.



1/7
Ин бино дар пойтахти Тоҷикистон соли 1957 қомат афрохт. Замони шӯравӣ ин ҷо Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон ҷойгир буд.
То замони ба бинои нав кӯчидан, муддати 25 сол дар ин ҷо дастгоҳи президент ва ҳукумат фаъолият мекарданд. Ахиран ин ҷо шаҳрдории Душанбе (бинои он ҳам тахриб шуд) ва Кумитаи сайёҳӣ ҷойгир буданд.
Кохи президент дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб (кӯчонида) мешавад.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон хабари вайрон шудани бинои дастгоҳи президент дар Душанбе вокуниш ба бор овард. Бархе аз шахсиятҳои шинохта мухолифи ин кор изҳори назар карда буданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.