расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ИШТИРОКИ 4 НОМЗАДИ ТОҶИК ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Ҷомеа / Ҷаҳон

ИШТИРОКИ 4 НОМЗАДИ ТОҶИК ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Рӯзи 4 октябр дар Қирғизистон бо иштироки 16 ҳизб интихоботи парлумонӣ доир мешавад. Дар рӯйхатҳои ҳизбӣ 4 намояндаи тоҷикҳои Қирғизистон низ номнавис шудаанд.
Равшанбек Собиров, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон, аз ҳизби Мекенчил таҳти рақами 10 ба парлумон пешбарӣ шудааст ва шонси даст ёфтан ба курсии вакилиро дорад. Равшанбек Собиров қаблан ҳам вакили Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон буд.
Ҳамин тавр, раиси ҳизби ҷавонони Қирғизистон Рустам Юсупов аз ҳизби Ордо зери рақами 13 вориди корзор шуда, Саидолимҷон Ҷӯраев, ки 5 соли охир вакили парлумон аз ҳизби сотсиал-демократ буд, ин навбат таҳти рақами 46 аз ҳизби Биримдик номнавис шудааст.
Ҳамчунин раиси ҷамоати тоҷикнишини Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо Аҳмадҷон Абдураҳмонов таҳти рақами 62 аз ҳизби Мекеним Қирғизистон барои курсии вакилӣ мубориза мебарад.
Кодиршои Мурувват
ЗОДГОҲ - ОҒОЗГОҲИ ВАТАН
·
РАИСИ ТОҶИКОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ВОРИДИ РАҚОБАТҲОИ ПАРЛУМОНӢ ШУД
Равшанбек Собиров,раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло Рудакӣ, дар ҳайати ҳизби сиёсии "МЕКЕНЧИЛ” барои роҳ ёфтан ба парламенти кишвараш, вориди рақобатҳои сиёсӣ гардид.
Равшанбек Собиров дар руйхати ин ҳизби сиёсӣ,ки барои муборизаи интихоботӣ пешниҳод гардидааст ,дар мақоми 10 ум ҷой гирифтааст.Дар сурати гирифтани овози лозимӣ, эҳтимоли узви парлумони нави Қирғизистон шудани роҳбари созмони тоҷикони ҷумҳурӣ хеле зиёд мешавад.
Лозим ба зикр аст,ки дар интихоботи парлумонии навбатӣ ,боз чанд нафар тоҷиктаборони Қирғизистон худро сабти ном кардаанд.Рустам Юсупов,раиси ҳизби ҷавонони Қирғизистон дар ҳайати ҳизби сиёсии "ОРДО” вориди рақобатҳо шудааст ва дар руйхат мақоми 13 умро ишғол мекунад.
Саидолимҷон Ҷураев,ки тайи 5 соли ахир аз тарафи ҳизби сиёсии СДПК дар парлумон фаъолият мекард ,ин бор аз номи ҳизби "БИРИМДИК” худашро номнавис кардааст ва дар руйхат номзади шумораи 46 муаррифӣ шудааст.
Раиси деҳшурои Учқурғони ноҳияи Қадамҷо Аҳмадҷон Абдураҳмонов барои ба парлумон роҳ ёфтан ,ҳизби сиёсии "МЕКЕНИМ ҚИРҒИЗИСТАН” ро интихоб кардааст ва аммо дар руйхати интихоботии ин ҳизб дар мақоми 62 ум сабти ном шудааст.
Лозим ба зикр аст,ки сараввал барои ширкат дар муборизаи парлумонӣ 45 ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон дархост карда буданд ва дар ниҳоят Комиссияи марказии Интихобот 16 тои онҳоро сабт намуда ва ба рақобатҳои ниҳоӣ иҷоза дод.
Тибқи қонуни интихобот барои роҳ ёфтан ба парлумони Қирғизистон,ки аз 120 намоянда иборат аст,ҳизбҳо бояд ҳадди ақал 7 фоизи кулли овози интихобкунандагонро ба даст биёваранд.Ҳизби ғолиб,ки аксари курсиҳои парлумонро ишғол мекунад ,ҳақи ташкили ҳукуматро ба даст меоварад.Дар сурате,ки ҳеҷ кадом аз ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта, беш аз нисфи курсиҳоро ба даст наоваранд,он гоҳ аз ҷумлаи намояндагони ҳизбҳои ғолиб эътилофи парлумонӣ ташкил шуда ва ба таъйини аъзои Ҳукумат иқдом менамоянд.
Интихоботи парлумонии Қирғизистон дар таърихи 4 октябри соли 2020 таъйин шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.