расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАР СЕ РӮЗИ ОХИР ДАР СУҒД АЗ КОРОНАВИРУС ДАСТИКАМ 9 НАФАР ҶОН БОХТААНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАР СЕ РӮЗИ ОХИР ДАР СУҒД АЗ КОРОНАВИРУС ДАСТИКАМ 9 НАФАР ҶОН БОХТААНД (ВИДЕО)

Тайи се рӯзи охир дар Хуҷанд ва ноҳияи Спитамен дастикам 9 нафар қурбони коронавирус шудаанд. Мутаассифона, дар байни онҳо ду табиби машҳур низ буд. 5 нафар аз қурбониёни коронавирус дар бемористони вилоятӣ (4 нафар – рӯзи 8 сентябр ва як нафар – рӯзи 9 сентябр) вафот карда, якеи дигар дар бемористони бемориҳои сироятии Хуҷанд, ду нафар дар хонаҳояшон ва як зан дар ноҳияи Спитамен ҷон додаанд. Дар ин бора ба «Ахбор» манобеи муътамад дар сохторҳои тандурустии вилояти Суғд ва ноҳияи Спитамен хабар доданд. «Ахбор қаблан хабар дод буд, ки рӯзҳои истироҳат дар Хуҷанд дастикам 4 нафар, аз ҷумла як табиби қурбони коронавирус шуданд. Ҳамсуҳбатони сомонаи «Ахбор» мегӯянд, танҳо дар бемористони клиникии вилоятии Суғд танҳо дар як рӯзи 8 сентябр 4 нафар ба ҳалокат расида, боз як мавриди марг аз коронавирус рӯзи 9 сентябр сабт шудааст. Рӯзи 7 сентябр як бемори дигар дар бемористони бемориҳои сироятии Хуҷанд аз коронавирус ҷон бохтааст.
Ду табиби машҳур - духтари чашм, профессор Шарипов Фаздиддин ва дуҳтури саратоншинос, сартабиби Маркази онкологии вилояти Суғд Фурқат Мансуров дар хонаҳояшон фавтиданд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони «Ахбор», Фурқат Мансурови 47-сола ҳамагӣ як ҳафта пеш аз бемористони вилоятӣ ҷавоб шуда буд. Ӯ дар бемористон аз коронавирус муолиҷа мегирифт.
Фурқат Мансуров соли 1973 ба дунё омада, соли 1996 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда буд ва аз соли 2009 ба Маркази онкологии Хуҷанд раҳбарӣ мекард. Ӯ дар ин диспансер шуъбаи табобат бо нурро таъсис дода, худаш низ дар ин шуъба кор мекард.
Фурқат Мансуров нафаре буд, ки дар баҳори соли ҷорӣ, дар авҷи аввали бемории коронавирус бо видеоҳояш мардумро руҳбаланд ва ҷиҳати пешгирӣ аз ин вирусу табобаташ роҳнамоӣ мекард. Дар охирин видеояш рӯзи 23 май, дар арафаи иди Рамазон ӯ шукри Худо мегуфт, ки тавонистанд авҷи коронавирусро дар Тоҷикистон ақиб гардонанд ва беморхонаҳо аз беморон батадриҷ холӣ мешаванд. Аммо баъди чанд моҳ худи Фурқат Мансуров қурбони мавҷи нави коронавирус шуд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони «Ахбор», рӯзи 10 сентябр дар бемористони вилоятӣ 180 нафар бо аломатҳои коронавирус бистарӣ буданд. Аз ин шумор 16 нафар дар реаниматсия дар вазъи вазнин қарор доранд. «Рӯзи 9 сентябр 14 бемор бистарӣ карда шуд. Рӯзи 8 сентябр – 34 бемор ва рӯзи 7 сентябр – 24 бемор»,- хабар доданд манобеи мо.
Ҳамин тавр, рӯзи 10 сентябр дар ноҳияи Спитамен Фотима Олимова, мудири мактаби №3, яке аз мактабҳои машҳури ин ноҳияро ба хок супурданд. Манобеи «Ахбор» мегӯянд, ки Олимова Фотима низ қурбони коронавирус шудааст.
«Ахбор» рӯзи 5 сентябр дар бораи камбуди кислород дар бемористони Спитамен ва хатари марги беморони коронавирус дар ин бемористон хабар дода буд.
Аммо Наимҷон Бобоев, ки худро узви ситоди мубориза бо коронавирус дар беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен муаррифӣ кард, ба хабари сомонаи "Ахбор” пиромуни камбуди кислород дар ин бемористон расман посух навишта, камбуди кислородро дар ин бемористон рад кард ва гуфт, вазъи ҳамаи гирифторон хуб аст: "Дар беморхона 11- нафар бемор бистарӣ бошад, ҳамагӣ4 - нафари онҳо ниëз ба оксиген доранд,дар ҳоле ки 11 - адад ҳубобҳои кислородӣ таъмин мебошад. Вақте бо хешу ақрабои ин беморон сӯҳбат гузаронида шуд, онҳо ҳеҷ таъкиде дар норасоии кислород надоштанд. Ҳолати беморон дар шӯъба хуб арзëбӣ шуда, бо ҳамаи шароити мусоид, аз ҷумла маводҳои доруворӣ ва дигар таъмин мебошад.
Мутаассифона, марги Фотима Олимова нишон медиҳад, ки на ҳама чӣ дар бемористони Спитамен ин қадар хубу олист, ки Наимҷон Бобоев мехост тасвир кунад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки кам касе ба он бовар мекунад, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 40 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, шумори умумии беморон то 10 сентябр ба 8939 нафар расидааст. Аз ин шумор, бино ба омори расмӣ, 72 нафар фавтида, 7714 нафар ё худ 86,3%-и гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтаанд. Вазорат ҳамчунин гуфт, ки шабонарӯзи охир 102 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 31 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Вале вазъ дастикам дар вилояти Суғд ба андозае изтиробовар аст, ки рӯзи 10 сентябр Аъзамхон Акбаров, мудири шабакаи телевизионӣ ва радиоии «Азия» як муроҷиатномаи вижаеро ба аҳолӣ нашр кард. Акбаров аз мардум даъват кард, ки хеле ҳушёр бошанд, чунки мавҷи дуюми коронавирус алакай аз гиребони вилоят гирифтааст. Ӯ аз ҷумла аз мардум хост, ки дастҳояшонро ҳарчӣ бештар бишӯянд, дар берун доим ниқоб банданд. Аъзамхон Акбаров ҳамчунин аз мардум илтиҷо кард, ки ба хотири наҷоти худу наздикони худ ва дигарон, агар ягон аломати бемориро дар бадани худ мушоҳида кунанд, ба ҳеҷ сурат инро пинҳон накунанд, балки билофосила ба табибон муроҷиат кунанд.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.