расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РАҶАБИ МИРЗО БЕМОР АСТ

. / Ҷомеа

РАҶАБИ МИРЗО БЕМОР АСТ


Ин дафъа ҳамтоҳои мо Раҷаби Мирзоро ёфтанд, ки санг ҷониби ҳафтавори «Пайк» мезад. Онро ҳам як корманди худи мо бо номи Ҳафизулло Тоҳирӣ ба маъраз гузоштааст. Ҳафизулло ҳам ҳақ дорад боре Раҷаби Мирзоро хурсанд кунад, ҳатто бо баҳои хафа шудани ҳамкоронаш бошад ҳам, демократия…
Дар наворе, ки ба маъраз гузоштааст, Раҷаб бо хандаҳои аҳриманона мегуфт «ман газетаҳои «Ҷумҳурият» «Имрӯз Нюс» ва «Пайк»-ро газета намеҳисобам.» Аслан Раҷаб ғайри «Рӯзи Нав» ягон газетаро эътироф накардааст, чунки аз они ӯ нестанд. «Ҷумҳурият»-ро намедонам, аммо медонам, ки Раҷаб суйи «Пайк» чаро санг меандозад. Манзур матлабест дар ҳафтавор нашршуда таҳти унвони «Барои Тоҷикистон демократия не, оромӣ лозим!» (№32 (334) аз 3 сентябри соли 2020).
Раҷаб тамоми умр демократияи муғризонаи Ғарбро дар кишвари худ таблиғ кард. Ин албатта, ба андешаи мо беморӣ аст. Раҷаб ба муолиҷа ниёз дорад. Бояд аз ҷониби мутахассисони равоншинос мавриди ташхису табобат қарор гирад. Хуб, ин таблиғот барои Тоҷикистон чӣ дод? Ба ҷуз ҷанги шаҳрвандӣ чизе ба бор наовард. Аҷиб аст, ки ин бача то ҳанӯз нафаҳмидааст, ки фоида надорад, бас кардан лозим. Беҳтараш боқимонда умри худро барои ободии диёр сарф кардан лозим. Ман ба Эмомалӣ Раҳмон ё Рустами Эмомалӣ ва ё ҳатто Озодаи Раҳмон дар интихобот барои он овоз медодам, ки роҳи дурусти тараққиётро пеш гирифтаанд, роҳи дуруст барои миллати тоҷик. Барои ту, Раҷаб, фарқаш чӣ ки Президент якҷо бо хешутабораш ватанатро обод мекунад ё бо бегонагон? Мухолифоне ҳастанд, ки барои мансаб бо президент мубориза мебаранд, муборизаҳои лафзии маҷҳулона, яъне ба онҳо мансаб нарасиду ошуфта шуданд. Ту чӣ!? Охир барои ту мансаб лозим нест-ку.
Ба ту мансаб диҳанд, маҷбуранд ҳама минбарҳои маҷлисгоҳҳоро бурида кутоҳ кунанд, ҳисоб кун, нархи як нерӯгоҳ мешавад. Беҳтар ҳамин нест, ки ба ягон вазифаи беминбари маҷлисгоҳ, вале бо минбари ҳафтавор таъмин бошӣ, масалан сармуҳаррири ҳафтавори «Ҷумҳурият». Барои ин арзанда будан лозим, барои ин дар ободии диёр саҳм гузоштан лозим, на дар вайронии он. Ману ту аз ободкориҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ баробар истифода мебарем. Агар гумон мекунӣ, ки барои мақола ҷонибдорони Президент ба ман ҳаққи қалами хуб медиҳанд , сахт хато мекунӣ. Агар як танга дода бошанд, барои ман кафан шавад. Роҳати онҳо барои ту бештар мерасад. Рустам ба ҷавониаш нигоҳ накарда дар муддати кӯтоҳ пойтахти кишварро монанд ба биҳишт карду ту (на ман!) аз он неъматҳо баҳравар гаштаӣ. Оби гарму хунук дар хонаат, мағозаҳо пур аз ғизои арзону босифат, нақлиёти замонавӣ ва дигарашро худи ту медонӣ, ман аз пойтахт дурам, дар Кӯлоби зодгоҳам зиндагӣ мекунам, дар пойтахт ҳамагӣ 5 сол дар донишгоҳ таҳсил кардаму боз ба зодгоҳ баргаштам. Тасаввур кун, ки дар пойтахт нею дар зодгоҳат Ангурбоғ зиндагӣ мекардӣ, ҳолат чун мешуд? Мисли ман фақат барои ба 20 оила картошка тақсим кардан соли дароз дар замини хоҷагии ёрирасон заҳмат мекашидӣ каме лаззати дур аз пойтахт буданро мечашидӣ, аммо ту ку ин ҳунарро надорӣ. Ба ҷойи ту акои Мурод сарвари муҳофизони Президент боғу роғ кардаасту сабзавоти арзону барои мардум дастрас ва лаззати зиндагиро чашида истодааст. Албатта як ду резачини даргоҳи Президенти ҷумҳурӣ, ки неши ақраб доранд баъди танқидҳои ту ба ту занг зада офаринат мехонанд, мо баъзеи ин хиёнаткоронро медонем, аммо мегӯянд сирри мард пушида беҳ, ин маънои онро надорад, ки ту гумон кунӣ ҳама кишвар ба ту офарин мехонад. Дар бозори Кӯлоб ҳамин чанд рӯзи пеш яке аз собиқ мухолифон унвонии Президенти мамлакат ғайбате карду қариб буд зери шатаю лагади мардуми раҳгузар монад.
Ҳоло Рустами Эмомалӣ барои ту ҳама шароити зистро муҳайё сохтаасту кайф карда зиндагӣ мекунӣ, боз душманашон мешавӣ, нағз не, Раҷаб, ин оини ҷавонмардӣ нест. «Пайк» ҳам агар ҳамагӣ 1 бор алайҳи ту мақолаи танқидӣ навишт айби худи ту буд. Он вақт мақолаи банда, агар хато накунам «Чаро Рустами Эмомалӣ президент нашавад?» ба ту писанд наомада буду ҷойҳои барои элитаи худ даркориашро гирифта дар саҳифаи «Ахбор барои афкор» (ё «абгор» дуруст дар хотир надорам) гузошта будиву сагчаҳоеро атрофи он гирд овардӣ. Мо ҳамагӣ посух навиштем, чизе дигар набуд. Медонам, ин баромадатат ҳам кина аз он моҷаро буд. Нағз не, Раҷаб, кӯҳистонӣ кина намегирад. Сайёфи Мизробро ҳам ба ҳамин усул сиёҳ карданӣ шудӣ, аммо тират хок хурд.
Ҳар чизе, ки алайҳи мафкураи ту аст, ғайридемократӣ мехониаш. Ҳамин аст демократия? Чӣ, дигарон ҳақ надоранд, ки фикри худро дошта бошанду лидерони дӯстдоштаи худро? Ё дар ин дунё ҳамин ту ҳақиву дигарон ноҳақ? Агар аъмоли падари маънавии ту Доналд Трампро варақгардон кунӣ дарк мекунӣ, ки бо ин ҳама қудрат дар сарварӣ Эмомалӣ Раҳмон намешавад. Дар Амрико тазоҳурот асту одамкушӣ ва низоъҳои мазҳабӣ. Дар Тоҷикистон ту маскаю шашлик мехурию алайҳи сарвари ин мамлакати обод сақат мегӯӣ, ҳамин аст демократия!? Туф кардам ман ба демократия ту. Баъди ин ҳама душмании Раҷаб ҳам, омодаам барои ҳимояи як ҳамтои журналисти худ ба по хезам ва то дами марг ӯро ҳимоя кунам. Аммо фаромӯш накунед, ки мо ҳазрати Амирҷон нестем, ки сабру таҳаммули паёмбарӣ дошта бошем. Як чизи дигарро қайд накарда натавонистам. Ҳар шахсе ё ниҳоде, ки моро душман хонду алайҳи мо мубориза бурд маҳв гашт. Сароғоз ширкати миллионери «Умед-88» буд, ки як соли дароз бо такя ба ҳамёни бузург судбозӣ карду ба мақсад нарасид, оқибат дарҳам шикаст. Дуввум тоифа террористон буданд ба монанди Нусрат Назаров ва Гулмурод Ҳалимов, ки қасди «Пайк» карданду сармуҳаррири он, куҷо шуданд? Саввум нафар собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода буд, ки бо мо даст ба гиребон шуду оқибат фано гашт. Ин рӯйхатро идома додан мумкин аст, аммо суханро ба дарозо намекашем. Фақат ба Раҷаб гуфтанием, ки душманӣ бо мо заррае ба ту фоида надорад, дӯстӣ бо мо фараҳи зиёд меоварад. «Пайк» дар ҳақиқат ҳафтавори аҷиб аст. Дар рустое редаксия дораду иттилоъ аз тамоми ҷумҳурӣ пахш мекунад, ягона ҳафтавори мустақил дар тамоми вилояти Хатлон аст ва билохира тули 6 соли фаолият ба доди садҳо нафар мазлумон расидааст, ки мо ном ба ном аз онҳо намегӯем, ки боз миннат нашавад. Худи ту ба редаксия биё (дари ҳафтавор ба рӯйи худию бегона мудом кушода аст) басти газетаҳоро наздат мегузорем ва мебинӣ, ки чӣ қадр манфиати ин ҳафтавор ба мардум расидаасту дар ободии диёр чӣ саҳми бориз гузоштааст. Тули ҳамагӣ 6 соли фаолият ҳудуди 50 нафар шогирдонро ба майдони журналистика ҷой кардаасту ҳама журналистони беҳтаринанд. Ҳоло ҳам 16 нафар корманд дораду 100 нафар ҳамкорони доимӣ. Ба маълумоти ту мерасонам, ки ҷияни ту Дилафрузи Тоҳирӣ яке аз шогирдони хуби «Пайк» буду падари ӯ, шодравон Рӯзимади Тоҳир ҳамкори доимии ҳамин ҳафтаворе, ки ту эътирофаш намекунӣ.
Ҳақиқати дигареро ҳам ба ту мегӯям: «Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама каму костагӣ аз байн равад, рӯзи ҳама сиёҳ мешавад, пеш аз ҳама рӯзи ману ту ва медонӣ барои чӣ. Худо гӯй, ки баъди Эмомалӣ Раҳмон ҳам сиёсати ӯ дигар нашавад, чунки барои Тоҷикистон на сиёсати Путин лозим асту на Трамп ва на Меркел. Ҳарсеи инро дар Тоҷикистон президент интихоб кунанду сиёсати худро рӯйи кор оранд, дар як ҳафта кишвари мо аз харитаи ҷаҳон нобуд мешавад. Ҳарчизе, ки барои Тоҷикистон лозим буд, Худо ба мо ато фармуд, шукр кардан лозим.»
Суханро ба дарозо кашиданӣ нестам, фақат аз лаҳни гурба Леополд ҳаминро мегӯям, ки «бачаҳо, биёед тифоқ зиндагӣ кунем.» Кушиш кунед, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ноҳақ будани ҳамтоҳоятон дар паҳлуи ӯ ва дар ҳимояи ӯ бошед.
Аҳмади Иброҳим

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.