расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коронафобия. Баъди covid-19 чӣ бояд кард?

. / Ҷомеа

Коронафобия. Баъди covid-19 чӣ бояд кард?


Осори ҷисмии коронавирус СОVID-19 тез мегузарад, вале асари равониву рӯҳии он дар хотираи майна дер боз боқӣ мемонад.

Беморон баъди ҷавоб шудан аз беморхона бо ташхиси коронавирус — Covid-19 ё илтиҳоби шуш (пневмония) аз тарс, зиқӣ, фикрҳои бад ва сустӣ шикоят мекунанд. Дар тибб инро «Ҳолати баъди зукоми COVID -19» ташхис мемонанд.
Яъне, бо ҷавоб шудан аз беморхона кори табобатӣ ба охир нарасидааст.

Табобати коронавируси COVID 4 зина дорад:
1. Табобати аломатӣ (симптоматикӣ); табу дард, илтиҳобу нафастангӣ табобат мешавад.
2. Табобати махсус (спетсиализированӣ)-и узвҳои осебдида аз коронавирус; пневмония, касалиҳои дил, майна, сутунмӯҳра ва торҳои асаб, узвҳои дохилӣ ва дигар оризаҳо аз ин беморӣ.
3. Табобати равоншифоӣ (реабилитатсияи психо-эмотсионалӣ); бартараф кардани тарсу ҳарос, зиқиву рӯҳафтодагӣ, сустиву заифӣ.
4. Тавонбахшии иҷтимоӣ (барқароркунии қобилияти корӣ, муносибатҳои байнишахсӣ ва гармонияи оилавӣ).
Хушхабар, аксар вақт баъди 2 ҳафта зиқӣ ва сустӣ аз байн меравад, вале тарсу ҳарос метавонад дертар бартараф шавад. Дар ҳолати нагузаштани ин аломатҳо мутахассиси соҳаи равон (равоншиноси тибб, равондармон, равонпизишк) метавонад кумак кунад. Мо онхоро бо ташхиси коронофобия (тарси коронавирус), депрессияи соматикй (рӯҳафтодагӣ аз ҳисоби бадани касалшуда) ва астенический синдром (заифшавии сиришт аз хисоби коронавирус) табобат мекунем.

Чаро тарсу ҳарос (коронафобия) пайдо мешавад? Сабаби он бо марг рӯбарӯ шудан ва ҳикмати ҳаётро фаҳмидан, ки оқибаташ чӣ будааст, мебошад. Бандшавии фикр ва образу суратхои тарсоранда, хотираи пешина оиди маргу мамот, номувофик аксуламал кардани магзи сар ба ангезахои ботиниву зохирй, ҳамаи ин сабаби хулосабарории нодурусти мантиқӣ мешавад ва ҳолати фавқулодаро дар шуур ва зершуур ба вуҷуд меорад.

Ҳуш дар майна «штаб» (доминант- шоҳигарии як фикр дар майнаи сар) сохта, фақат фикри ба беморӣ дахлдошта кабул мешавад ва дигар фикрҳо қабул намешаванд. Инро дар тибб » патологический доминант» меноманд. Ҳамаи ин одамро бе хоб, каммуошират ва тезасабишав мекунад. Бехобӣ аз нооромии фикр, тарс ва дард ба вуҷуд ояд ва боз метавонад аз ҳисоби вайроншавии назми шабонарӯзӣ «суточный ритм» ҳам рух занад, яъне рӯз хоб рафтан, шаб бехоб кашидан.
Ба ғайр аз ин моддаҳои заҳролудкунандаи вирус ва қисмҳои вайроншудаи ҳуҷайраҳо, заррачаҳои хун ва ҳосили мубодилаи моддаҳо дар сиришт метавонанд таъсири захрӣ ба майна (нейроинтоксикация) расонанд ва ҳолати ангеза ё боздории кори нейронҳои майнаро номуътадил созанд.

Дар ин ҳолат ба мутахассиси равоншинос муроҷиат кардан ба манфиат аст.
Чаро рӯҳафтодагӣ ва зиқӣ (депрессияи соматикй) пайдо мешавад?
Вақте ки тамоми қувваи сиришт ба мубориза бо беморӣ сафарбар мешавад, барномаҳо (файлҳо)-и муқаддасот, арзиш, орзу, мақсад, нақша ва дигар тасмимҳои иҷтимоии одам дар майнаи сар маҳкам ( ғайрифаъол) мешаванд, то қувва ва неруи асабро сарф накунанд. Ҳамин ки неруи пешина пайдо шуд, он «папкафайлҳо» боз пайдарҳам фаъол шудан мегиранд. Ба ғайри ин заҳри (нейроинтоксикатсионй) дар вақти бемории коронавирус пайдошуда дар сиришт, метавонад ҳосилшавии гормонҳои гипоталамус ва қисми он гипофизро зиён расонанд ва хамин тавр, набудани ин гормонҳо рӯҳафтодагй ва зиқиро пайдо мекунанд.

Дар масъалаи сустии бадан (синдроми астеникй) ҳам чунин аст; барои мубориза бо бемории сироятии коронавирус Covid-19 неруи зиёди бадан сарф мешавад. Куввахои дифоии масуният (иммунитет) беҳтарин доруҳо ва зарраҳои зидди беморй месозанд, мубодилаи моддаҳо баланд мешавад (таб), узвҳо дар ҳолати фавқулъода кор мекунанд, ҳам асаб, ҳам мушакҳо ва ҳам рагу пайвандҳо заҳролуд шудаанд, монда шудаанд, барои ҳамин беморон шикоят аз хар узву андом мекунанд; мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки то 50 шикоят аз ину он чои сиришт ба қайд гирифтан мумкин аст. Дар натиҷаи ғизои оқилона, давоҳои аломатй ва клиникй, дамгирии хуб, машқҳои равонии мо имкони бартарафшавии ин аломатҳо ҳаст ва қувва басанда ки шуд, он ба мушақҳо низ дода шуда, соҳибқувват (тонус) мешаванд.

Ин сабабҳои патогенетикй (равиши клиникии касал дар даруни сиришт) -и коронавирус ковид дар сиришти одам аст.
Масуният (иммунитет) мубориза бурда, баъди қувваи зиёдро аз даст медиҳад; агар он паст бошад, вирус шушҳоро илтиҳобӣ мекунад ва агар монда шуда бошад, дигар микробҳо (пневмоккок ва ғайра, ҳатто вирусҳои дигар) ҳам метавонанд пневмония ё дигар бемориҳои узвҳои одамро бемор кунанд.
Маҳмуд Кабир,
номзади илмҳои тиб

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.