расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Истиқлолият аз куҷо оғоз шуд?

. / Ҷомеа

Истиқлолият аз куҷо оғоз шуд?


Аксарият гумон доранд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон якбора рӯзи 9 сентябри соли 1991  эълон гардид ва бинобар ин, ин рӯзро ҳамчун  иди бузургтарини кишвар тасдиқ намуданд. Аммо дар асл ин тавр нест ва бори аввал дар мавриди Истиқлолияти Тоҷикистон 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олӣ даъвати 12 сухан рафта буд.

Он замон таҳти унвони “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” санади ҳуқуқие қабул гардид ва дар моддаи 1 -ум он гуфта мешуд, ки ягонагӣ дар ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ  дар тамоми ҳудуди кишвар  ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ бояд таъмин бошад.

Минбаъд дар асоси ҳамин санад Изҳороти Шӯрои Олӣ “Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сессияи ғайринавбатӣ, ки 9 сентабри соли 1991 баргузор гардид, пахш гардид ва пас аз он қарори махсус дар ин бора қабул карда шуд. Пас аз ин санадҳо соҳибистиқлолии Тоҷикистонро 120 кишвари ҷаҳон эътироф намуданд ва бо 95 кишвари дунё  муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ барқарор карда шуд.

Ҳарчанд истиқлолияти давлатӣ соли 1991 эълон гардида бошад ҳам, аммо соҳибистиқлолии он танҳо баъд аз Иҷлосияи тақдирсози XVI, ки 16 ноябри соли 1992 баргузор шуд, ба худ шакли воқеӣ гирифт. Зеро дар Иҷлосия бори аввал Роҳбари давлат  ва поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва истиқлолияти воқеии кишварро таъмин намуд.
Маҳз  дар рӯзи дуюми кори Иҷлосияи таърихӣ санади Созиши миллӣ, пурқувват намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ,таъсиси сохторҳои нави ҳокимияти давлатӣ ва идора, қабули Конститутсияи нав пешниҳод гардад

Минбаъд, дар тамоми сохторҳои давлатӣ тағйироти куллӣ ва азнавсозиҳои созгор ба замони нав оғоз гардиданд. Танҳо дар мавриди бозсозии системаи судӣ  аз ҷониби Президент ду маротиба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа, ин сохтори муҳим ба иҷрои вазифаҳои худ мувофиқ гардонида шуд. Ҳам дар Конститутсия ва ҳам дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ давра ба давра тағйироти муҳим вобаста ба шароити нав ворид гардид, ки барои пешрафти ин соҳа кӯмаки ҳалкунанда расониданд.    

А.Искандарзода, Р.Раҳимзода, судяҳои Суди н. Синои ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.