расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Муҳоҷирон аз нархи билет ва "миёнравҳо" шикоят карданд. Сафир мегӯяд, "туҳмат аст". ВИДЕО

. / Ҷомеа

Муҳоҷирон аз нархи билет ва "миёнравҳо" шикоят карданд. Сафир мегӯяд, "туҳмат аст". ВИДЕО

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ба сабаби гаронии билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба ватан баргашта наметавонанд.
Гуруҳе дигар иддао доранд, ки ҳарчанд аз шахсони, ба қавли онҳо, "миёнрав" бо нархи қимат билет хариданд, ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд ва ду ҳафта боз дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав дармондаанд.
Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" вуҷуди миёнравҳоро рад карданд.
Тоҷикистон барои баргардондани шаҳрвандонаш аз Русия аз 15-уми август то 15-уми сентябр беш аз сад парвози чартерӣ ташкил кард. Масъулони ширкати "Сомон Эйр" ҳанӯз 25-уми август гуфтанд, ки арзиши билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон 300 евро, муодили тақрибан 27 ҳазор рубли русӣ ва дар муқоиса ба нархи моҳҳои пеш тақрибан сад евро арзон аст.
Намояндагони ширкат дар эъломияи расмӣ гуфтанд, қаблан ҳавопаймоҳои онҳо аз Душанбе ба Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия "холӣ мерафт" ва бинобар ин арзиши билет 40 дарсад гарон мешуд.
Бархе аз муҳоҷирони дармонда дар фурудгоҳи "Домодедово" иддао доранд, ки баъзе аз шахсони ба қавли онҳо “миёнрав” билетҳоро бо арзиши поинтар дастрас карда ва ба дигарон қимат мефурӯшанд.
Яке аз мусофирон, ки худро Маҳдӣ муаррифӣ кард, рӯзи 8-уми сентябр гуфт: "Дар инҷо миёнравҳо аз хазина билетҳоро бо нархи маъмулӣ мехаранд ва ба мо дар ивази 60-70 ҳазор рубл пешниҳод мекунанд. Ин беинсофӣ аст охир. Мо пули кофӣ надорем."
Муҳоҷирон дар ин маврид ангушти иттиҳомро ба тарафи намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ва сафорат дароз мекунанд.
Намояндаи ширкати "Сомон Эйр" бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фурудгоҳи "Домодедово" танҳо як хазина ба мусофирон билет мефурӯшад. "Вақте шаҳрванд ба кишвар баргаштанист, намояндаҳои сафорат номашро дар рӯйхат ворид мекунанд. Рӯзи расидани навбаташ огоҳ месозанд, ки омада билетро гирад", -- афзуд ӯ.
Сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторӣ ҳам гуфт, намояндагони сафорат дар фурудгоҳ мусофиронро аз рӯйи муроҷиат ва рӯйхат гусел мекунанд.
Ба қавли вай, "фақат аз хазинаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ билет харида метавонанд, роҳи дигари фурӯши билет вуҷуд надорад. Ҳар рӯз парвоз ҳаст, кормандони сафорат шанбе ва якшанбе низ кор мекунанд. Ин вазъият се моҳ боз идома дорад."
Сатторӣ ҳамзамон гуфт, аз охири моҳи март то ин дам 30 ҳазор нафарро аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Намояндагони баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ки аз ҳоли мусофирони дармонда дар фурудгоҳи “Домодедово” аз наздик ошно шудаанд. Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон дар Маскав гуфт, дар ин фурудгоҳи Маскав беш аз 300 нафар мунтазири бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд.
Ӯ мушкили пешомадаро чунин шарҳ дод: "Баъзе аз мусофироне, ки дар навбат намеистанд ва талош мекунанд ҳарчи зуд худро ба Тоҷикистон расонанд, ба назди миёнаравҳо рафтаву бо нархи гарон билет мегиранд ва баъд дармемонанд. Баъзеи дигар бинобар гарон будани нархи билет тавони хариди онро надоранд."
Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав аз нимаи моҳи март ба ин сӯ қатъ шуда, равуои мусофиронро мушкил кардааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ба парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо умдатан занону кӯдакон, беморон, донишҷӯёнро роҳ медиҳанд.
Аммо ба сабаби он ки бештари муҳоҷирон дар Русия дар замони пандемияи коронавирус аз ҷойи кору даромади худ маҳрум шудаанд, талабгорони бозгашт ба ватан зиёд аст. Муҳоҷирон мегӯянд, дар чунин шароит мондан дар Русия ба зарар аст, чун бояд пули иҷораи манзил, патент ва ҳамчунин андозро бипардозанд.
Ҳанӯз дар бораи барқарор шудани парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 8-уми сентябр гуфт, музокирот барои шурӯи парвозҳои мунтазам бо Русия идома дорад.
Русия то кунун бо чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Туркияву Танзания ва Бритониё парвозҳои мунтазамро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ҳоло танҳо ба Дубай парвози доимро ба роҳ мондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.