расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳалокати чаҳор муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург

Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҳаводис

Ҳалокати чаҳор муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург

Чаҳор муҳоҷири тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҷон бохтаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 29-уми август дар паёме гуфт, ҳодиса 28-уми август рӯй дод. Ба иттилои расонаҳои русӣ, мошини сабукрави муҳоҷирон ба мошини борбар бархӯрдааст.
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург гуфтааст, барои интиқоли ҷасадҳо ба ватан ёрӣ хоҳад кард.
Дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 480 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа ва бахусус Русия ҷон додаанд. Ин омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аст ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 149 маврид бештар.
Вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол гуфта буд, барои овардани ҷасади муҳоҷирони фавтида ба ватан мадад мекунанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, худи онҳо пул ҷамъ карда, ҷасадҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд.
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд. Ба ҳисоби миёна соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.