расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эълони парвози чартерии ширкати “Сомон Эйр” ба Минск

. / Ҷомеа

Эълони парвози чартерии ширкати “Сомон Эйр” ба Минск

Хоҳишмандони сафар ба Беларус ва Украина аз ин хатсайр истифода бурда метавонанд.

Сурат: аз саҳифаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Фейсбук

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба маълумоти ҳамагон мерасонад, ки 10-уми сентябри соли ҷорӣ бо хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе парвози чартерӣ анҷом медиҳад.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки барои вуруд / транзит ба қаламрави Беларус ҳуҷҷатҳои зарурӣ доранд, имкон доранд бо хастайри мазкур аз Душанбе ба Минск сафар намоянд”, - қайд мешавад дар маълумоти ширкат дар саҳифаи Facebook.

Гуфта мешавад, вақти парвоз аз Душанбе 03:00, аз Минск - 07:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Барои парвоз аз Минск ба Душанбе шаҳрвандони хоҳишманди Тоҷикистон метавонанд барои сабти ном ба намояндагиҳои дипломатии 

Тоҷикистон дар Беларус ва Украина муроҷиат намоянд.
“Шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд ба Душанбе парвоз кунанд, бояд иҷозатномаи вуруд, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз СOVID-19-ро дошта бошанд”, - омадааст дар маълумот.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.