расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 70 нафар расид

. / Ҷомеа

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 70 нафар расид

Аз оғози пандемия то ин дам 7 ҳазору 581 кас ё худ 86,2% аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus

Ба ҳолати шоми 6 сентябр дар Тоҷикистон 8 ҳазору 792 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 68 нафар афзудааст.
Теъдоди фавтидагон аз ин вирус низ зиёд шуда, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 70 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Гуфта мешавад, аз оғози пандемия то ин дам 7 ҳазору 581 кас ё худ 86,2% аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Зикр мегардад, ки дар як шабонарӯзи охир 88 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.